Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун – илм, маориф, тандурустӣ, иқтисод, варзиш, фарҳанг ва технологияҳои муосир ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳамоишҳои илмӣ парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Ҳар як пирӯзии ҷавонон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдати миллии кишвар мебошад.
Бо вуҷуди ин, ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Онҳо бояд аз таърихи пурифтихори халқи худ сабақ гирифта, барои нигоҳ доштани сулҳу субот, дӯстӣ ва ягонагии миллӣ ҳамеша омода бошанд. Ҷавонон бояд бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор гарданд.
Ҳар як ҷавони тоҷик бояд дар хотир дошта бошад, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти ӯст. Пешрафти давлат аз сатҳи дониш, фарҳанг, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд тамоми неру ва қобилияти худро барои омӯзиши илм, азхуд намудани касбу ҳунар ва хизмат ба Ватан равона созанд.
Ваҳдати миллӣ барои ҷавонон чароғи роҳи фардо, сарчашмаи умед ва заминаи мустаҳками рушду пешрафт мебошад. То он замоне, ки сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон пойдор аст, ҷавонони мо метавонанд бо итминони комил ба ояндаи дурахшон қадам гузоранд ва барои ободиву шукуфоии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Ҳифзи ваҳдати миллӣ – қарзи муқаддаси ҳар як ҷавон ва ҷавонон неруи асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат ҷавонон метавонанд орзуҳои худро амалӣ намуда, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати неруманд хизмат намоянд.