Ҳар сол бо фаро расидани моҳи июн, дар қалби ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳисси олии ифтихор ва шукрона аз оромӣ ҷӯш мезанад. 27 июни соли 1997 дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун санаи тақдирсоз ва наҷотбахш сабт шудааст. Рӯзи Ваҳдат – ин ҷашни пирӯзии ақлу хирад, ҳамдигарфаҳмӣ ва ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҳатто мушкилтарин низоъҳоро метавон тавассути муколама, созиш ва иродаи сиёсӣ ҳал намуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо омили субот ва пешрафти давлат, балки заминаи муҳими таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занону мардон низ мебошад.
Тоҷикон исбот карданд, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз метавонанд манфиатҳои миллиро аз ҳама гуна ғаразҳои гурӯҳӣ ва минтақавӣ боло гузоранд. Сулҳ на танҳо хомӯш шудани садои силоҳ нест, балки оғози эҳё ва созандагист. Маҳз дар сояи ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист ба марҳилаи шукуфоӣ қадам гузорад.
Мо, ҷавонон, бояд дарк кунем, ки ҳифзи ваҳдат на танҳо вазифаи давлату ҳукумат, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ин масъулият дар хониши хуб, эҳтироми қонун, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ва саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи Ватан зоҳир мешавад. Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, шукргузор аз он ҳастем, ки дар чунин фазои сулҳу ором умр ба сар бурда истодаем ва дар баробари чунин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат бо дарки масъулияти баланд ба Ватани азизи хеш содиқона хизмат мекунем.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон рамзи бақост, зеро бе он давлат пойдевор надорад. Он рамзи шукуфоист, зеро танҳо дар муҳити сулҳ дарахти орзуҳои як миллат бор меорад. Ваҳдат маънои ҳамдилӣ, ҳамфикрӣ ва муттаҳид будани мардумро дорад. Вақте ки шаҳрвандони як давлат, новобаста аз миллат, забон ва ақидаҳои гуногун, бо ҳам дӯстона зиндагӣ мекунанд ва барои ободии Ватан саъю кӯшиш менамоянд, ҷомеа пешрафт мекунад. Дар лаҳзаҳои тақдирсоз дар баробари ба даст овардани арзишҳо ва манфиатҳои умуми миллӣ масъалаи буду боши миллати тоҷик ва пойдории давлати миллии тоҷикон масъалаи муҳими рӯз буд ва он, хушбахтона, ба манфиати миллати тоҷик ҳаллу фасл гардид. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як миллату давлат дар масири ташаккул ва рушд лаҳзаҳои душвору ҳалкунандаро аз сар мегузаронад.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди ватандӯст на танҳо як санаи тақвимӣ, балки санаи муқаддас мебошад. Яке аз омилҳои таҳкими ваҳдат дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба забони давлатӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат мебошад. Бо шарофати ваҳдат Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки заминаҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро таҳким бахшида, барои рушди илм, маориф, фарҳанг ва дастгирии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварад.
Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин ва азизтарин макон мебошад. Маҳз дар оғӯши Ватан инсон ба дунё омада, ба воя мерасад ва таълиму тарбия мегирад. Мо бояд аз ин Ватан, ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат шукргузорӣ намоем. Соли 2026 мардуми сарбаланди Тоҷикистон 29-солагии
Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хос ва шукргузорию ифтихор ҷашн мегиранд.
Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо ва дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик мебошад. Танҳо бо ваҳдату ягонагӣ мо метавонем Тоҷикистони боз ҳам обод, пешрафта ва шукуфонро ба наслҳои оянда мерос гузорем.