Дар таърихи тамаддуни башарӣ шахсиятҳое мавҷуданд, ки бо осори илмӣ, фалсафӣ ва фарҳангии худ на танҳо ба даврони зиндагии хеш, балки ба тамоми марҳилаҳои рушди инсоният таъсири амиқ гузоштаанд. Яке аз чунин нобиғагони ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки дар илму фарҳанги Шарқ ва Ғарб мақоми баланд дошта, ҳамчун файласуф, табиб, донишманд ва мутафаккири барҷаста шинохта шудааст. Осори гаронбаҳои ӯ дар соҳаҳои тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, ахлоқ, мусиқӣ ва дигар бахшҳои илмӣ то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ доштаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Хусусан, дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатӣ дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси илмӣ ва фарҳангии ниёгон, инчунин муаррифии шахсиятҳои бузурги тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сатҳи нав баромад. Яке аз муҳимтарин иқдомҳо дар ин самт қабули фармонҳо ва қарорҳои давлатӣ оид ба гиромидошти мероси Абӯалӣ ибни Сино ва таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи ӯ мебошад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино аҳамияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ, рушди илму маърифат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Ин иқдом на танҳо барои эҳёи мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино, балки барои рушди тафаккури илмӣ ва муаррифии арзишҳои тамаддуни тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад.
Осори илмии Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 асарро дар бар мегирад, ки қисми зиёди онҳо ба соҳаҳои тиб, фалсафа, мантиқ ва табиатшиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, асари машҳури ӯ — «Ал-Қонун фи-т-тиб» — дар тӯли чандин аср ҳамчун китоби асосии тиббӣ дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ истифода мешуд. Ин асар дорои маълумоти муфассал оид ба бемориҳо, усулҳои ташхис ва муолиҷа буда, дар рушди илми тиб саҳми беназир гузоштааст.
Дар баробари илмҳои тиббӣ, Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа низ нақши бузург бозидааст. Ӯ масъалаҳои марбут ба ҳастӣ, маърифат, ахлоқ ва ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, дар ташаккули фалсафаи асримиёнагӣ таъсири амиқ гузоштааст. Осори ӯ дар кишварҳои гуногун паҳн гардида, то имрӯз ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фалсафӣ мавриди омӯзиш қарор доранд.
Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун намояндаи барҷастаи тамаддуни тоҷикону форсҳо дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст. Осори ӯ нишон медиҳанд, ки миллати тоҷик аз қадим соҳиби тамаддуни ғанӣ ва фарҳанги пешрафта будааст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва тарғиби мероси ӯ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус доранд.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ ва фарҳангӣ ворид гардид. Дар ин давра масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллат ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ҳифз ва омӯзиши мероси фарҳангии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида, осори шахсиятҳои барҷастаи тоҷик аз нав нашр ва таҳқиқ шуданд.
Дар доираи сиёсати фарҳангии давлат барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, баргузор намудани ҳамоишҳои байналмилалӣ, нашри осори илмии ӯ, таъсиси марказҳои илмӣ ва бунёди муҷассамаҳо аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши осори Абӯалӣ ибни Сино густариш ёфта, мавзӯъҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ ба барномаҳои таълимӣ ворид карда шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба баланд бардоштани маърифати илмӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуданд.