ФАЪОЛИЯТИ ВИТАМИНҲО ДАР ОРГАНИЗМИ ИНСОН 0 2 Мубодила кардан Витаминҳо яке аз муҳимтарин моддаҳои органикӣ ба ҳисоб рафта, барои фаъолияти мӯътадили организми инсон нақши бузург доранд. Гарчанде ки онҳо дар миқдори хеле кам талаб карда мешаванд, аммо бе онҳо ҳаёти инсон ғайриимкон мебошад. Витаминҳо дар мубодилаи моддаҳо иштирок намуда, фаъолияти ҳамаи узвҳо ва системаҳои организмро танзим менамоянд. Организми инсон аксари витаминҳоро мустақилона ҳосил карда наметавонад, бинобар ин инсон бояд онҳоро тавассути ғизо қабул намояд. Дар замони муосир масъалаи нигоҳдории саломатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Саломатии инсон аз ғизои дуруст вобастагии калон дорад. Агар организм ба миқдори кофӣ витамин қабул накунад, фаъолияти узвҳо вайрон шуда, қобилияти муҳофизатии организм паст мегардад. Аз ҳамин сабаб витаминҳо барои инкишоф, афзоиш, фаъолияти мағзи сар, дил, мушакҳо ва тамоми организм зарур мебошанд. Витаминҳо дар организм вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Онҳо фаъолияти ферментҳоро фаъол намуда, дар мубодилаи сафедаҳо, равғанҳо ва карбогидратҳо иштирок менамоянд. Ҳамчунин витаминҳо ба ҳуҷайраҳо энергия бахшида, фаъолияти системаи асабро муътадил нигоҳ медоранд. Бе витаминҳо организм наметавонад ғизоро пурра ҳазм намояд ва моддаҳои ғизоиро истифода барад. #Витамини А барои фаъолияти чашм ва саломатии пӯст аҳамияти калон дорад. Ин витамин қобилияти биноиро беҳтар намуда, махсусан барои дидани шабона муҳим мебошад. Норасоии он метавонад боиси шабкӯрӣ, хушкшавии пӯст ва паст шудани масуният гардад. Витамини А бештар дар сабзӣ, каду, ҷигар, шир ва тухм мавҷуд аст. #Витаминҳои гурӯҳи В барои фаъолияти системаи асаб ва мубодилаи энергия муҳим мебошанд. Ин витаминҳо кори дил ва мағзи сарро беҳтар намуда, ба инсон неру мебахшанд. Норасоии витамини В метавонад сабаби хастагӣ, асабоният, сустшавии хотира ва камхунӣ гардад. Манбаи асосии ин витаминҳо ғалладона, гӯшт, ҷигар, тухм ва маҳсулоти ширӣ ба шумор мераванд. #Витамини С яке аз витаминҳои муҳимтарин барои организми инсон мебошад. Ин витамин қобилияти муҳофизатии организмро баланд намуда, муқовимати онро ба бемориҳои сироятӣ зиёд мекунад. Витамини С инчунин барои мустаҳкамии девораҳои рагҳои хун ва зуд шифо ёфтани захмҳо мусоидат менамояд. Ҳангоми норасоии он инсон зуд хаста шуда, масунияташ паст мегардад. Ин витамин бештар дар лимӯ, афлесун, помидор, қаламфур ва кабудиҳо мавҷуд мебошад. #Витамини D барои устухон ва дандонҳо аҳамияти махсус дорад. Ин витамин ба ҷабби калсий ва фосфор ёрӣ мерасонад. Дар сурати норасоии витамини D устухонҳо заиф шуда, махсусан дар кӯдакон бемории рахит пайдо мешавад. Манбаи асосии ин витамин нури офтоб, моҳӣ, тухм ва маҳсулоти ширӣ мебошанд. #Витамини Е ҳамчун антиоксидант амал мекунад. Он ҳуҷайраҳоро аз таъсири зараровари моддаҳои гуногун муҳофизат намуда, ҷавонии ҳуҷайраҳоро нигоҳ медорад. Ин витамин инчунин барои фаъолияти хуби мушакҳо ва системаи ҷинсӣ муҳим мебошад. Витамини Е дар равғанҳои растанӣ, чормағз ва донагиҳо зиёд аст. #Витамини К барои лахташавии хун зарур мебошад. Агар дар организм ин витамин кам шавад, хунравӣ зиёд мегардад. Ин витамин бештар дар сабзавоти сабз, карам ва исфаноҷ мавҷуд аст. Норасоии витаминҳо ба организми инсон таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳолатро авитаминоз ё гиповитаминоз меноманд. Сабабҳои асосии норасоии витаминҳо ғизои нодуруст, истеъмоли ками меваю сабзавот, бемориҳои узвҳои ҳозима ва хастагии зиёд мебошанд. Ҳангоми норасоии витаминҳо инсон худро суст ҳис намуда, зуд-зуд бемор мешавад, қобилияти корӣ паст мегардад ва фаъолияти узвҳо халал меёбад. Барои пешгирии норасоии витаминҳо инсон бояд ғизои солим ва мутавозин истеъмол намояд. Дар ғизои ҳаррӯза бояд меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти ширӣ, гӯшт, моҳӣ ва ғалладонаҳо истифода шаванд. Ҳамчунин риояи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва истироҳати кофӣ барои нигоҳдории витаминҳо дар организм мусоидат мекунанд. Хулоса, витаминҳо қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон мебошанд. Онҳо барои фаъолияти мӯътадили организм, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозанд. Ҳар як инсон бояд ба ғизои худ диққати ҷиддӣ дода, маҳсулоти аз витаминҳо бойро бештар истифода барад. Танҳо дар ҳамин сурат инсон метавонад саломатии худро ҳифз намуда, зиндагии солиму фаъол дошта бошад. Аламбӣ Ҳаманова Омӯзгори кафедраи «Фарматсия»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» 0 2 Мубодила кардан