ИҚДОМИ НАҶИБ; АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ БАРҚАРОР ШУД

0 2

Ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ном ва корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихори худро ҳифз кунем.

                                     Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистони азизи мо ҳамасола рӯйдодҳои бузургро дар саҳифаҳои таърихи худ сабт менамояд. Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик атрофи боз як иқдоми наҷибу бесобиқаи Пешвои халқпарвари худ андешаронӣ мекунанд. Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, рӯзҳои 18–19 майи соли ҷорӣ дар таърихи миллати соҳибфарҳанги тоҷик рӯйдоди муҳиме ба амал омад, ки таваҷҷуҳи хурду бузургро ба худ ҷалб намуд. Ин иқдом бо мақсади аз байн бурдани ноадолатиҳои таърихӣ, барқарор намудани адолат, эҳтиром гузоштан ба таърихи пурифтихори миллат ва таҳкими ҳувияти миллӣ амалӣ гардид.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хоки оромгоҳи се нафар фарзандони фарзонаи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва аввалин Комиссари халқии маорифи ҷумҳурӣ Нисор Муҳаммад аз қабристони шаҳри Москва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Агар ба корномаи ин абармардон назар афканем, равшан мегардад, ки онҳо аз ҷумлаи аввалин шахсиятҳое буданд, ки дар поягузории давлатдории муосири тоҷикон нақши муассир гузоштаанд. Нусратулло Махсум яке аз муборизони фаъоли роҳи озодиву истиқлол буда, дар ташаккули давлатдории тоҷикон саҳми арзанда гузоштааст. Шириншоҳ Шоҳтемур ходими намоёни давлатӣ ва муборизи сарсупурдаи ҳуқуқу манфиатҳои миллати тоҷик маҳсуб меёфт. Нисор Муҳаммад бошад, ҳамчун яке аз нахустин бунёдгузорони маорифи тоҷик ва муборизи фаъоли зидди ҷаҳолат шинохта шудааст.

Ин шахсиятҳои бузург дар даврони пуртазод ва сахти таърихӣ бо тамоми ҳастӣ барои манфиатҳои миллӣ мубориза бурдаанд. Бояд таъкид намуд, ки онҳо дар шароити бисёр мураккабу пур аз дасисабозиҳои гурӯҳҳои мухталиф тавонистанд садои ҳақиқати миллатро баланд намоянд ва аз манфиатҳои давлату миллат ҳимоят кунанд.

Новобаста аз таҳдиду фишорҳои замон, ин фарзандони ҷасуру ватандӯст барои барқарории адолат, шинохт ва эътирофи миллати тоҷик муқобили ҳама гуна ноадолатиҳо устуворона истодагарӣ карданд. Онҳо дар даврае фаъолият доштанд, ки таъқибу фишор нисбат ба равшанфикрон ва озодандешон дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ авҷ гирифта буд. Аммо ин фарзандони миллат аз хатар наҳаросида, садоқат ва ҷасорати ватандӯстонаи худро нишон доданд.

Мутаассифона, ҳамин матонату ҷасорат боис гардид, ки душманони миллат нисбат ба онҳо туҳмату буҳтонро роҳандозӣ намоянд. Дар солҳои 1937–1938, дар давраи таъқиботҳои оммавии сохти шӯравӣ, ҳазорон нафар равшанфикрон ва озодандешон қурбони сиёсати саркӯбкунанда гардиданд. Дар қатори онҳо Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад низ ба ин гирдоби фоҷиабор гирифтор шуданд. Онҳо ба маҳбасу бадарға маҳкум гардида, дур аз Ватан ҷон бохтанд.

Аз он рӯзҳои мудҳиш зиёда аз ҳаштод сол сипарӣ гардид. Дар тӯли ин муддат ҷасади ин фарзандони фарзонаи миллат дар яке аз қабристонҳои шаҳри Москва маҳфуз буд. Маҳз бо талошҳои адолатпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз даҳсолаҳо миллати тоҷик имконият пайдо кард, ки мушти хоки фарзандони қаҳрамони худро ба Ватан баргардонад.

Ин иқдоми инсонпарварона шаҳодати он аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои фарзандони содиқи миллатро қадр намуда, онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Ин амал бори дигар аз эҳёи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба гузаштаи пурифтихор ва таҳкими давлатдории муосири тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Ташаббуси наҷиби Пешвои миллат на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ намунаи олии инсондӯстиву арҷгузорӣ ба таърих гардид. Бо ин иқдом Пешвои миллат исбот намуданд, ки эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ ва ҳифзи хотираи онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

Санаи 19 майи соли 2026 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт маросими бошукӯҳи истиқболи мушти хоки фарзандони қаҳрамони миллат баргузор гардид. Баъдан, тибқи дастури Пешвои миллат, бо риояи арзишҳо, расму ойин ва анъанаҳои миллӣ ва динӣ, онҳо дар қабристони маҳаллаи Лучоб ба хок супорида шуданд.

Ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллат, пеш аз ҳама, рамзи барқарор гардидани адолати таърихӣ ва пирӯзии ҳақиқат мебошад. Ин рӯйдод дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим дошта, ба ҷомеа ёдрас месозад, ки хизматҳои фарзандони барҷастаи миллат ҳамеша пос дошта мешаванд.

Махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба масъалаи эҳтироми арзишҳои миллӣ ва гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ ба таври хос эҳсос мегардад. Ин иқдом дар самти тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими иртиботи наслҳо нақши муҳим мебозад.

Дар ҳақиқат, ин амали наҷибонаи Пешвои миллат шаҳодати он аст, ки Ватан ва миллат ҳеҷ гоҳ фарзандони ҷоннисори худро, ки барои таърих, тамаддун ва ҳастии миллат хизмат кардаанд, фаромӯш намекунад ва ҳамеша аз онҳо бо эҳтирому арҷгузорӣ ёд хоҳад кард.

Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ва зиндагиномаи миллати тоҷик сабт хоҳад шуд.

Карим Абдураҳмонов

Омӯзгори МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.