ҶАВОНОН — ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ ВА НЕРӮИ БУНЁДКОРИ ҶОМЕА

0 1

Ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа дар ҳама давру замон нақши калидӣ доранд. Ҳар як давлат ва миллате, ки ба нерӯи созандаи ҷавонон такя мекунад, метавонад ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад. Зеро ҷавонон бо тафаккури нав, нерӯи баланди зеҳнӣ, рӯҳияи созанда ва хоҳиши омӯзиш метавонанд ояндаи дурахшони Ватанро таъмин намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки давлат ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҷавонон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Имрӯз давлат ба рушди илм, маориф, варзиш, фарҳанг, технологияҳои рақамӣ ва ташаббусҳои ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар тамоми самтҳо фаъолона иштирок намуда, бо донишу малакаи худ дар рушди ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ нишондиҳандаи сатҳи баланди зеҳнӣ ва қобилияти эҷодии онҳо мебошад.

Ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла коллеҷҳо, дар раванди таълим ва таҷрибаомӯзӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалӣ низ аз худ менамоянд. Ин раванд ба онҳо имконият медиҳад, ки ҳамчун мутахассисони соҳибихтисос дар бозори меҳнат мавқеи худро пайдо намоянд.

Дар баробари ин, нақши омӯзгорон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст хеле муҳим мебошад. Танҳо дар муҳити таълимии солим метавон насли ҷавонро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ахлоқи ҳамида ва муҳаббати беандоза ба Ватан тарбия намуд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, ҷавононро зарур аст, ки пайваста донишҳои худро такмил диҳанд, забонҳои хориҷӣ омӯзанд, технологияҳои муосирро аз худ намоянд ва ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд. Танҳо ҷавонони донишманд ва соҳибкасб метавонанд дар ҷомеаи муосир мавқеи устувор дошта бошанд.

Ҳамчунин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, таъриху фарҳанг ва суннатҳои аҷдодӣ вазифаи муҳими ҳар як ҷавон ба шумор меравад. Ҷавонони худшиносу ватандӯст бояд ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлат саҳми фаъол гузоранд.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ояндаи давлат ба сатҳи дониш, ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва заҳмати онҳо вобаста мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳо ҳамеша кӯшиш намоянд, то дар роҳи илму дониш, ихтироъкорӣ ва хизмат ба Ватан пешсаф бошанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, роҳбарияти коллеҷ тамоми ҷавонони саодатманд, соҳибистеъдод ва ватандӯсти кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамояд.

Хусусан, донишҷӯёни гиромӣ ва ҷавонони фаъоли муассисаи мо, ки бо интизоми намунавӣ, ахлоқи шоиста, сатҳи баланди донишандӯзӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ фарқ мекунанд, бо эҳтироми хоса табрик гуфта мешаванд.

Имрӯз ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки ӯ ояндаи давлат ва ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонон пайваста дониш омӯзанд, касбият пайдо намоянд, малакаҳои худро такмил диҳанд ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Ба ҳамаи ҷавонон саломатии бардавом, умри дароз, саодати рӯзгор, муваффақиятҳои бузург дар таҳсил ва фаъолияти касбӣ, инчунин дастовардҳои нав ба нав орзу карда мешавад.

Бигзор ҷавонони тоҷик ҳамеша бо ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва рӯҳияи созанда дар пешрафти давлат саҳм гузоранд ва парчами Тоҷикистони азизро боз ҳам баландтар бардоранд.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод!

Нуруллоён Сарвиноз

Муовини директор оид ба таълими МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.