ҲАЙАТИ МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ» ДАР ДАВИ МИЛЛӢ 0 3 Мубодила кардан Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №255 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2026, №26/10-57 ҷиҳати таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он миёни аҳолӣ санаи 17.05.2026 дар шаҳри Кӯлоб чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Дави миллӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими ҷумҳуриявӣ ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намуданд. Натиҷаҳои назарраси ҳайати муассиса дар Дави миллӣ: Алимадов Талабшо — донишҷӯи гурӯҳи 102-и ихтисоси кори табобати дандон, сазовори ҷойи якум гардид. Ашурмадова Мадина — донишҷӯи гурӯҳи 103-и ихтисоси кори табобатӣ, сазовори ҷойи ифтихорӣ дар байни ҷавонон гардид. Ҷафаров Алишер — аз ҳисоби омӯзгорон, дар байни калонсолон сазовори ҷойи якум гардид. Мирзозода Марҳабо — сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Сафарова Азиза — сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Ҳакимзода Мадина — сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Иштироки фаъолонаи ҳайати муассиса дар Дави миллӣ бозгӯи таваҷҷуҳи хоса ба рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву солимгароӣ мебошад. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 3 Мубодила кардан