КОРРУПСИЯ — ДОҒИ РӮЗ ВА МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ШАҲРВАНД

0 5

Коррупсия дар шароити муосир аз як мушкилоти дохилӣ ба масъалаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар ҷаҳони имрӯз, дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фасод ё худ коррупсия низ яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз ба шумор меравад.

Ин зуҳуроти номатлуб нишон медиҳад, ки он дорои решаҳои амиқи таърихӣ буда, баробари ташаккули давлатҳо пайдо гардидааст. Коррупсия имрӯз ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто ба мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳо дар самти мубориза бо коррупсия ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти кишвар аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мубориза бо коррупсия ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли 2021) Пешвои миллат таъкид намуданд:

«Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок буда, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад».

Аз ин лиҳоз, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба он ва ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ба ин раванд аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Вазифаҳои асосии мубориза бо коррупсия аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва татбиқи чораҳои пешгирикунанда иборат мебошад.

Таърихан низ мафҳуми «коррупсия» ҳамчун амалҳои фасодкорона, суиистифода аз мансаб ва истифодаи имкониятҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ маънидод мешуд ва чунин рафтор аз ҷониби ҷомеа ҳамеша маҳкум гардидааст.

Имрӯз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ошкор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, густариши ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.

Хулоса, коррупсия доғи ҷомеа буда, мубориза бар зидди он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Танҳо дар ҳамбастагӣ ва бо ҳисси баланди масъулият метавонем ин падидаи номатлубро решакан намуда, ҷомеаи солим ва одилона бунёд намоем.

Сановбар Аламхонова

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.