БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА 35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 3

Санаи 29 – уми апрели соли 2026 таҳти роҳбарии мудири кафедраи “Тибби оилави” Икромзода Саодат дар гурӯҳи 107 — факултети “Кори ҳамширагӣ” дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “ Тоҷикистон дар масири рушд, созандаги ва ояндаи дурахшон” бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози дарс омӯзгор Икромзода Саодат дар бораи “Тоҷикистон дар масири рушд, созандаги ва ояндаи дурахшон” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки маҳз бо ташаббус ва кушишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон корҳои ободонию созандагӣ ва ба пешрафтҳои зиёд ноил гаштем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии субот, заминаи пешрафти тамоми соҳаҳоро фароҳам овардааст. Тоҷикистон дар солҳои охир дар бахшҳои иқтисод, энергетика, инфрасохтор ва маориф пешрафтҳо зиёд нишон медиҳад. Лоиҳаҳои бузург, роҳсозӣ ва нерӯгоҳҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум замина мегузоранд

Дар идомаи дарс донишҷӯёни гурӯҳ дар бораи Тоҷикистон ва корҳои созандагӣ, ки дар тӯли 35 сол бо шарфоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони намуда, қайд намуданд, ки корҳои созандагӣ ин ба маънои бунёдкори ва ободонӣ аст. Аз он ҷумла сохтмони мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва дигар иншоотҳо нишон медиҳанд, ки ҷомеа ба тараққиёт ва ободонии кишвар саҳм мегузоранд.

Ояндаи дурахшон – Ин ифодаи умед ва боварӣ ба фардои беҳтар аст. Ҷавонон, ки қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, метавонанд бо дониш ва меҳнат дар пешрафти кишвар нақши муҳим бозанд. Нақши ҷавонон дар ин раванд хеле муҳим аст, зеро онҳо ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бо дониш, маҳорат ва ҷаҳонбинии муосир метавонанд Тоҷикистонро ба қуллаҳои нав расонанд. Ҳамзамон, ҳифзи арзишҳои миллӣ. Фарҳанг ва анъанаҳои дар баробари пешрафти технологӣ кафолати пойдории ҷомеа мебошад.

Дар фарҷоми дарс донишҷӯён дар васфи Тоҷикистон, Ватан шеърҳо қироат намуданд, ва қайд карданд, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон аз заҳмати содиқона, ҳисси ватадӯстӣ ва ҳамкории ҳар як шаҳрванди он вобаста аст. Бо иттиҳод, масъулият ва талошҳои муштарак кишвари мо метавонад дар арсаи байналмилалӣ мавқеи боз ҳам шоистарро касб намояд.

Икромзода Саодат

Мудири кафедраи “Тибби оӣлави”- МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.