НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ МУОСИРИ ТОҶИКОН

0 0

(Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Бунёди давлатдории муосир раванди мураккаб ва бисёрсамта мебошад, ки на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки иродаи қавии роҳбарӣ, тафаккури стратегӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллиро талаб менамояд. Дар таърихи навини Тоҷикистон ин рисолати бузург бо номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва роҳандозии рушди устувори кишвар ҳамчун як падидаи таърихӣ арзёбӣ гардидааст.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Бо дарназардошти вазъи душвори пас аз ҷанг, сиёсати иқтисодии давлат ба барқарорсозии инфрасохтор, ҷалби сармоя ва рушди бахшҳои калидии иқтисод равона гардидааст. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқи овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки фарзонафарзанди миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллати Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қишри ҷавононро дастгирӣ намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон намудааст. Махсусан таблиғи насли наврас бо омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хоси мақомоти роҳбарии кишвар ва эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад.

Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистони азизи моро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуд ва аз тарафи бузургтарин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил эълон карда шуд. Аввалин иқдоми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини тоҷикон ин ташкил ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оре, дар кӯтоҳтарин муҳлат бунёди як давлате, ки дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дар ҳоли рушд ва суботи сиёсии комил қарор дорад, кори саҳлу осон нест. Ин талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ин давлатро барои мо, мардуми тоҷик, сохтанд ва обод гардониданд.

Бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, вазъи сиёсии кишвар ва ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ чораҳои мушаххас андешида шудаанд.

Бо гузашти замон дар таърихи давлатдории тоҷикон, дар даврони 30-соли Истиқлолияти давлатӣ, нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасад. Ин нуқта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, аз ҷумла ишора шудааст, ки ҳар гуна тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки бо қадами неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми мо шаҳди сулҳу салоҳ ва Истиқлолияти давлатиро чашида, обрӯ ва нуфузи кишварро боз ҳам боло бардоштанд. Дар ин айём соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтаанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам устувортар намудаанд. Барои чунин хизматҳои шоён, шаҳрвандони кишварамон ба Пешвои миллат маҳбубияти хоса доранд.

Сановбар Аламхонова

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни

МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.