БАҲОРИ ГУЛРУХСОР

0 4

https://www.facebook.com/share/p/1BdrESMCRM/

Дар таърихи 1 апрели соли равон дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ устод Гулрухсор бо номи «Баҳори Гулрухсор» баргузор гардид. Дар маҳфил аҳли қалами минтақаи Кӯлоб, устодон ва шогирдони коллеҷ, аҳли ҳунар ва дӯстодорони шеъри устод Гулрухсор иштирок намуданд.

Маҳфилро директори муассиса номзади илмҳои таърих муҳтарам Назарзода Ҷумахон Шамс оғоз намуда, ҳозиринро ба маҳфили устод Гулрухсор хуш омадед намуда, қайд доштанд, ки: «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд, ки: Сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами Истиқлол, сарчашмаи бахту иқболи халқи тоҷик ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошад.» Ва мавзӯи меҳри Ватан, ҳифзи нангу номусу покӣ, тасвири мардуми сарбаланди миллати тоҷик дар эҷодиёти Устод Гулрухсор баръало дида мешавад. Устод Гулрухсор бонуи ҳунар, як шоири тавоно, як нависандаи боистеъдод ва шахсияти барҷастаи адабиёти нимаи дуюми асри бист ва аввали асри бисту яки тоҷик ба ҳисоб меравад. Эҷодиёти ӯ падидаи тозаҷӯйӣ, арзу ниёз, дарду армон, ирода ва далериву ғурури занонаро таҷассум менамояд, ки роҳи мураккаби камолоти эҷодиро тай намуда, ҳамчун шоир, нависанда, драматург, публисист, адабиётшинос, мутарҷиму мунаққид шуҳрат ёфтааст.

Сипас, устод Гулрухсор аз ҷониби роҳбари муассиса бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. Инчунин, дар маҳфил фарҳангшиноси шинохта устод Ҷонибек Асрориён, Шоири халқии Тоҷикистон устод Ҳақназар Ғоиб ва дигарон ба сухан баромада аз дар бораи эҷоду фаъолияти пурсамари устод Гулрухсор суханронӣ намуданд.

Дар ҳақиқат, эҷодиёти Устод Гулрухсор мисли чашмаи зулол аст, ҳар қадар бештар аз он бинӯшӣ, ҳамон қадар ташнагии маънавӣ бештар мешавад. Шеърҳои ӯ пур аз муҳаббат, орзу, дард ва умед мебошанд. Вай бо нозукии хос эҳсосоти инсонро ба қалам дода, ҳар як калимаро ба гавҳари маънӣ табдил медиҳад. Мавзӯи муҳаббат дар шеърҳои Устод Гулрухсор ҷойгоҳи хос дорад. Аммо ин муҳаббат танҳо ишқи оддӣ нест — он муҳаббати пок, самимӣ ва пурмаънӣ мебошад, ки инсонро ба баландӣ мебарад. Ҳамзамон, дар ашъори ӯ дарди ҷомеа, тақдири инсон ва орзуи зиндагии беҳтар низ равшан эҳсос мешавад.

Чист истиқлол? Иззат доштан,

Бар диёри худ муҳаббат доштан.

Дар замини шуҳрати озодагон

Донаи меҳру муҳаббат коштан.

Ҳадяи Яздон биҳишти мо, Ватан,

Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан

Ин мисраҳои шеъри аз дили пуртуғёни Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулрухсор иншо шудааст, ки қалби ҳар яки моро чун шиори ватаандӯстӣ тасхир намудааст. Дар ҳақиқат, Устод Гулрухсор шахсиятест, ки бо килки сухан тавонист ҳам ба зебоӣ, ҳам ба фарҳанг, ҳам дар ҳувияти ватандориву хештаншиносӣ, ҳам бо покиву орифиву ҷасорати беандоза муҳаббати самимияшро нисбат ба Ватан ва арзишҳои ватандорӣ пешорӯйи тамоми ҷаҳон гардонад.

Устод Гулрухсор шоирест, ки бо каломи ширину таъсирбахш қалбҳоро тасхир мекунад ва хонандаро ба ҷаҳони пур аз эҳсосу андеша мебарад. Осори ӯ саршор аз муҳаббат, зебоӣ ва эҳсосоти самимӣ буда, дар шеърҳои худ ҷаҳони ботинии инсон, бахусус занро бо маҳорати баланд тасвир мекунад. Шеърҳои Устод Гулрухсор бо забони содда, вале пурмазмун навишта шудаанд. Ҳангоми мутолиаи онҳо хонанда худро дар олами пур аз орзуву эҳсос меёбад. Табиат, ишқ ва ватандӯстӣ мавзуъҳои асосии эҷодиёти ӯро ташкил медиҳанд.

Гулрухсор Сафиева шахсияти барҷастаест, ки бо истеъдод, меҳнат ва эҳсоси баланд дар адабиёти тоҷик мақоми хос пайдо кардааст. Осори ӯ мисли ганҷинаи бебаҳо барои наслҳои имрӯз ва фардо хизмат хоҳад кард. Номи ӯ дар саҳифаҳои таърихи адабиёт бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Бо мутолиаи осори Устод Гулрухсор метавон дарк намуд, ки У шоирест, ки бо қалби пурмеҳр ва нигоҳи нозук ба зиндагӣ менависад. Осори ӯ одамро ба некӣ, муҳаббат ва қадршиносии зиндагӣ ҳидоят мекунад.

Шеърҳои ӯ мисли чашмаи кӯҳӣ софу мусаффоанд. Ҳар калимааш мисли қатраи обест, ки дар худ акси осмонро нигоҳ медорад. Ӯ бо як сухани сода ҷаҳони бузурги маъниро мекушояд ва хонандаро ба саёҳати рӯҳӣ мебарад. Ишқу муҳаббат дар ашъори ӯ мисли оташи муқаддас аст, гарм мекунад, равшанӣ мебахшад ва инсонро пок месозад. Аммо ин муҳаббат танҳо ишқи заминӣ нест — он ишқи инсон ба зиндагӣ, ба Ватан ва ба зебоии ҳастист. Осори Гулрухсор инсонро ба некӣ, муҳаббат ва худшиносӣ ҳидоят мекунад. Шеърҳои ӯ мисли оинаанд, ҳар кас дар он чеҳраи худро мебинад ва дар бораи зиндагӣ андеша мекунад. Эҷодиёти Гулрухсор Сафиева ганҷинаи бебаҳои адабиёти тоҷик аст. Бадеияти баланд, эҳсоси самимӣ ва андешаи амиқ осори ӯро ҷовидонӣ гардонидаанд. Нури каломи ӯ мисли чароғе дар роҳи маънавии инсон ҳамеша равшан хоҳад монд.

Гулрухсор Сафиева бо эҷодиёти худ дар дили хонандагон ҷой гирифта, ҳамчун яке аз шоирони бузурги тоҷик эътироф шудааст. Осори ӯ барои наслҳои оянда низ арзишманд боқӣ хоҳад монд.

Ватан, эй модари аз тоқати таҳқир хаста,

Ватан, эй шаҳчинори аз шамоли ҷаҳл бишкаста,

Зи баъди сад ҳазорон сол,

Зи қаъри сад қабат хоки сиёҳ,

Аламҳои ту бар ёдам расад,

фарёд хоҳам кард…

Ватан бо номи ту, бо нанги ту,

Бо ишқи маҷруҳи набарди ту,

Ба ҷойи ошиқони шермарду ғурамарги ту,

Бинои шуҳрату шон туро бунёд хоҳам кард,

Туро бунёд хоҳам кард,

Туро обод хоҳам кард.

Салимов Ҷ.Н.- мушовири директор

Иброҳимов С.Т. – мудири кафедраи «Фанҳои ҷамъиятӣ»

МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

https://www.facebook.com/share/p/1BdrESMCRM/

 

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.