АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИИ НАВРӮЗ ДАР ҶОМЕАИ ТОҶИК 0 2 Мубодила кардан Наврӯз ҳамчун яке аз куҳантарин ҷашнҳои башарият дар тӯли ҳазорсолаҳо на танҳо як маросими шодиву сурур, балки падидаи муҳимми фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад, дар тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон, мавқеи хосро ишғол менамояд. Арзишҳои фарҳангии Наврӯз дар ҷомеаи тоҷик ба ҳайси маҷмӯи анъанаҳо, расму ойинҳо, эътиқодҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ зуҳур ёфта, дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва худшиносии фарҳангии мардум нақши калидӣ мебозанд. Наврӯз пеш аз ҳама рамзи эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав аст. Бо фаро расидани баҳор, замин аз хоб бедор шуда, табиат либоси сабз ба бар мекунад. Ин падида дар зеҳни инсонҳо ҳамчун оғози давраи нави зиндагӣ, покшавӣ ва навсозӣ қабул мешавад. Дар фарҳанги тоҷикӣ ин маъноҳо ба таври равшан дар расму ойинҳои гуногун таҷассум ёфтаанд. Масалан, поксозии хона, нав кардани либос, оштӣ кардан бо дигарон ва бахшидани гуноҳҳо аз ҷумлаи суннатҳое мебошанд, ки арзишҳои ахлоқӣ ва инсондӯстиро тарғиб мекунанд. Яке аз муҳимтарин арзишҳои фарҳангии Наврӯз – эҳтиром ба табиат мебошад. Дар ҷомеаи тоҷик табиат на танҳо манбаи зиндагӣ, балки як падидаи муқаддас дониста мешавад. Дар айёми Наврӯз одамон бештар ба киштукор машғул мешаванд, дарахт мешинонанд ва ба обу замин эҳтироми хос зоҳир мекунанд. Ин муносибат нишон медиҳад, ки фарҳанги Наврӯзӣ инсонро ба ҳамзистии осоишта бо муҳити зист роҳнамоӣ менамояд. Дар шароити муосир, ки масъалаҳои экологӣ аҳамияти бештар пайдо кардаанд, ин арзишҳо боз ҳам муҳимтар мегарданд. Арзиши дигари муҳими Наврӯз – ваҳдат ва ҳамбастагии иҷтимоӣ мебошад. Дар ин рӯзҳо одамон новобаста аз синну сол, мақом ва вазъи иҷтимоӣ ба ҳам наздик мешаванд. Дидорбинӣ, зиёфатҳо ва баргузории чорабиниҳои дастаҷамъона боиси таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ мегарданд. Дар ҷомеаи тоҷик, ки арзишҳои оилавӣ ва ҷамъиятӣ хеле муҳиманд, Наврӯз ҳамчун воситаи мустаҳкамсозии ин робитаҳо хизмат мекунад. Хешу табор, ҳамсояҳо ва дӯстон ба якдигар меҳмонӣ рафта, муҳаббат ва эҳтироми худро изҳор менамоянд. Наврӯз инчунин дорои арзишҳои муҳими маънавӣ ва ахлоқӣ мебошад. Ин ҷашн одамонро ба ростқавлӣ, некӣ, саховатмандӣ ва меҳрубонӣ даъват мекунад. Дар фарҳанги тоҷикӣ чунин ҳисобида мешавад, ки инсон бояд соли навро бо дили пок ва нияти нек оғоз намояд. Аз ин рӯ, бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки пеш аз Наврӯз қарзҳои худро баргардонанд, бо дигарон оштӣ шаванд ва корҳои хайр анҷом диҳанд. Ин амалҳо на танҳо аҳамияти шахсӣ доранд, балки ба беҳтар шудани муҳити иҷтимоӣ низ мусоидат мекунанд. Ҷашни Наврӯз аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, аз қадимтарин ва муҳимтарин идҳои халқи тоҷик ба шумор меравад. Чи тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мегардад, аввалин касе, ки ҷашни Наврӯзӣ асос гузоштааст, шоҳ Ҷамшед буд. Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, пайвандгари замонҳо, нигаҳдорандаи суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад. Мувофиқи тақвими аждодиамон дар мутобиқат ба низоми ҳаракати саёраҳо баробаршавии шабу рӯз 21-уми март ба амал омада, сароғози баҳор, рӯзи оғози киштукори деҳқонон ба ҳисоб меравад. Бо ҳамин назардошт, ва муҳиммияти ин ҷашн, идди Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи баланд пазируфта шуда, ба шумораи идҳои ҷаҳонӣ боз як ид илова шуда, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Наврӯз на танҳо як ҷашни фаслӣ, балки падидаи муҳими фарҳангиву тамаддунӣ мебошад, ки реша дар таърихи куҳан дошта, то ба имрӯз арзишҳои худро ҳифз намуддаст. Фарҳангу тамаддуни тоҷикон аз даврони бостонӣто кунун бо табиату коинот ва муҳити атрофи сарзаминаш пайванди ногусастанӣдорад. Бахусус бунёди ҷашнҳои миллии тоҷикӣ хислати мавсимӣ дошта, аслан таҷлили тағйир ёфтани фаслҳои сол мебошанд. Агар Меҳргон аз омадани тирамоҳи зарринсор мужда диҳад, Сада-гардиш ба сӯи фасли баҳор бошад, пас Наврӯз – фаро расидани баҳори дилафрӯз аст. Ба ибораи дигар, ин ва дигар ҷашнҳои ориёӣ ҳеҷ гуна асосу пояи диниву мазҳабӣ надоранд ва сирф ҷашнҳои милливу табиӣ мебошанд. Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст. Мувофиқи асотире, ки дар миёни гузаштагони мо маъруф будааст, нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки тавсифи подшоҳии ӯ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст. Дар «Шоҳнома»-и безавол, ҳамчунин, бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат дода шудааст, ки ба ин хотир, ин ҷашнро чун Наврӯзи ҷамшедӣ низ ёд мекунанд. Ба ин маънӣ, Наврӯз ҳамчун оғози ҳамаи шукуфтанҳо, сарсабзиҳо ва эҳёи дигарбораи замину замон бо таърихи бостонӣ ва фарҳангу адабиёти оламшумули миллати тоҷик пайванди ҷудоинопазир дорад. Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии мардуми мо, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамон то ба имрӯз гардидаанд. Маҳз ҳамин афкору андеша ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии Наврӯз ва дигар силсилаҷашнҳои ориёӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон бо гузашти асрҳо ба ҷузъи муҳимми худшиносии миллии тоҷикон табдил ёфтаанд. Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардум мебошад. Бинобар ин, мо онро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон нафақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани ойину русуми азбайнрафтаи он талош мекунем. Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст. Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ ба шумор меравад, ки таърихи он ба ҳазорон сол қабл рост меояд. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, тантанаи зиндагии нав ва пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад. Барои халқҳои дорои тамаддуни ориёӣ, аз ҷумла мардуми тоҷик, Наврӯз на танҳо як ҷашни суннатӣ, балки як падидаи муҳими фарҳангӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз мақоми хос пайдо карда, ба яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бостонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардид. 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шавад. Пеш аз ин, 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид карда шуд. Олими маъруфи Эрон Саид Нафисӣ Осиёи Миёнаро сарзамини поки ниёгон номида, таъкид мекунад, ки «аҷдоди ориёии мо маҳз дар ҳамин сарзамини дилкашу биҳиштосо, дар доманаи кӯҳҳои Ҳиндукуш, дар канори рӯди Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидааст». Бо назардошти андешаҳои баёнгардида возеҳст, ки Наврӯз ифшогари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангии миллии моро дар худ ҳифз кардааст. Ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилиро соҳиб шудани он шаҳодати он аст, ки ин миллат, миллати наврӯзпараст ва наврӯзоин дар тамоми таърихи худ нақши тамаддунофар ва ҳидоятгар доштааст. Фасли Баҳор, бартарафкунандаи сардиҳо буда, эҳёгари табиат мебошад ва зинда гардонидани набототу растаниҳо, инчунин тамоми мавҷудоти олам мебошад. Тухми умеду орзуҳои некро бо шарофати нафаси гарму ҷонбахши Баҳор дар қалби ҳар яки мо инсонҳо бедор месозад. Наврӯзи оламафрӯз ҳосили Баҳор буда, аз бедоршавии табиат, аз оғози фасли шукуфоӣ ва оғози кишту кор мужда медиҳад. Наврӯз — ифодакунандаи рамзи эҳёи табиат, чун оғози тоза ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ мебошад. Моҳираи Бобо омӯзгори кафедраи «Гигенаи»-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” 0 2 Мубодила кардан