МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ФИДОКОРӢ

0 2

Модар бузургтарин инсон дар зиндагии ҳар як фарзанд ва сарчашмаи муҳаббат дар оила мебошад. Вай шахсест, ки бо муҳаббати беандоза фарзандро ба дунё меорад, бо ғамхории шабонарӯзӣ ӯро нигоҳубин мекунад ва тамоми умри худро барои хушбахтии фарзанд бахшида, худро фаромӯш мекунад. Меҳру муҳаббати модар беғараз ва пок аст, зеро касе дар ҷаҳон наметавонад ин муҳаббатро баробар кунад.

Модар чароғи хонадон ва сутуни оила мебошад. Ҳар як хонаи гарм ва муҳити дӯстдоштаи оила аз ҳузури модар вобаста аст. Модар бо фидокорӣ ва меҳрубониаш на танҳо фарзандон, балки тамоми узви оиларо ба ҳам пайваст мекунад. Агар модар дар оила бошад, зиндагӣ пур аз гармӣ, муҳаббат ва умед мешавад.

Модар нахустин омӯзгори инсон мебошад. Аз аввалин қадамҳо то аввалин калимаҳо фарзанд ҳама чизро аз модар меомӯзад. Ӯ одобу ахлоқи нек, эҳтироми калонсолон, муҳаббат ба Ватан ва меҳнатдӯстиро аввалин бор аз модар меомӯзад. Аз ҳамин сабаб гуфта мешавад, ки ояндаи миллат аз оғӯши гарми модар оғоз меёбад.

Дар таърихи адабиёти тоҷик ҳам васфи модар ҷойгоҳи махсус дорад. Шоирон ва адибони бузург модарро ҳамчун рамзи покӣ, муҳаббат ва тарбиятгари насли оянда васф кардаанд. Модари бузург бо меҳру муҳаббати худ на танҳо фарзандро, балки тамоми ҷомеаро ба роҳи некуӣ ҳидоят мекунад.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ мақому манзалати модар хеле баланд мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид кардаанд:

«Модар чароғи хонадон ва сарчашмаи меҳру муҳаббат мебошад.»

Ҳамчунин Ҷаноби Олӣ фармудаанд:

«Эҳтиром ва қадршиносии занону модарон нишонаи фарҳанги баланд ва инсондӯстии ҷомеа мебошад.»

Ин суханон нишон медиҳанд, ки модар дар ҷомеаи мо мақоми ниҳоят баланд дорад ва эҳтироми ӯ вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанд мебошад.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои модарон ва эҳтироми онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8 март — Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар ин рӯз фарзандон ба модарони худ гул тақдим намуда, бо суханони гарму самимӣ онҳоро табрик мекунанд. Дар муассисаҳо, ташкилотҳо ва мактабҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо бузургии модар васф карда мешавад.

Ҳар як фарзанд бояд қадри модарро донад, ба ӯ эҳтиром гузорад ва барои хушбахтии ӯ кӯшиш кунад. Модар ҳамеша барои фарзандонаш дуо мекунад, орзуи хушбахтии онҳоро дорад ва дар ҳама лаҳзаҳо онҳоро дастгирӣ мекунад. Ҳатто вақте фарзанд калон мешавад, модар ӯро ҳамеша бо муҳаббати беандоза нигоҳ мекунад ва ғамхориашро фаромӯш намекунад.

Хулоса, модар рамзи муҳаббат, фидокорӣ ва тарбиятгари насли оянда мебошад. Ӯ бо меҳру ғамхории худ на танҳо фарзандон, балки тамоми ҷомеаро ба роҳи некӣ ва инсондӯстӣ роҳнамоӣ мекунад.

Бигзор модарони азизи мо ҳамеша саломат, хушбахт ва сарбаланд бошанд. Рӯзи Модар — 8 март ба ҳамаи занону модарони меҳрубон муборак бод!

Сарвиноз Аҳтамова

Декани факултети «Кори табобатӣ»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.