Коррупсия яке аз падидаҳои манфии ҷомеа мебошад, ки на танҳо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки ба рушди маънавӣ ва сиёсӣ низ хатар дорад. Он боиси коста гардидани сатҳи эътимод ба мақомоти давлатӣ, паст гардидани шаффофият дар идоракунӣ ва суқути арзишҳои ахлоқӣ мегардад. Ҳар гоҳ, ки коррупсия паҳн мешавад, ҳаққи шаҳрвандон дар истифодаи баробар аз хизматрасониҳои давлатӣ поймол мешавад ва бартариятҳои ғайриқонунӣ ба ҷойи истеъдод ва меҳнаткорӣ мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Мубориза бар зидди коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд ва тамоми ҷомеа мебошад». Ин суханон нишон медиҳанд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти иҷтимоӣ ва маънавӣ ба шумор меравад. Ҳар як шаҳрванд бояд қонунро эҳтиром кунад ва ҳамеша муқобили амалҳои ғайриқонунӣ иқдом намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси давлат агентӣ ва сохторҳои махсус барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфтаанд. Аз ҷумла, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорат, ошкор ва бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионӣ фаъолият мекунад. Қабули қонунҳои нав, таҳкими низоми назорати молиявӣ ва ташкили маъракаҳои маърифати ҳуқуқӣ аз тадбирҳои асосӣ дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Коррупсия асосан ба соҳаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, иқтисод ва идоракунии давлатӣ зарар мерасонад. Масалан, агар мутахассис барои гирифтани ҷойи кор бо роҳи ғайриқонунӣ имтиёз гирад, ин на танҳо адолатро коста мекунад, балки ба сифати хизматрасонии соҳа низ таъсир мерасонад. Ҳамзамон, таъсири коррупсия ба рушди иқтисод ва ҷалби сармоягузорӣ низ намоён аст, зеро сармоягузорон ба кишваре, ки сатҳи фасод дар он баланд аст, бовар намекунанд.
Барои мубориза бо коррупсия ва пешгирии паҳншавии он, зарур аст:
Шаффофият ва назорати ҷамъиятӣ дар фаъолияти муассисаҳои давлатӣ таъмин гардад;
Ҷавонон дар рӯҳияи ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия ёбанд;
Ҳар як шахс бо ибтикор ва фаъолият дар ҷомеа намунаи муқобила бо амалҳои коррупсионӣ бошад.
Муҳим аст, ки ҷавонон ояндаи давлатанд ва тарбия дар рӯҳияи адолат ва ростқавлӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки дар рушди давлат саҳми муассир гузоранд. Яке аз роҳҳои муассири муқовимат бо коррупсия баланд бардоштани масъулият ва бедории иҷтимоӣ дар байни шаҳрвандон мебошад. Танҳо ҷомеаи шаффоф ва бо нангу номус метавонад ба рушди устувор ва зиндагии шоиста барои ҳар фарди он ноил гардад.
Дар фарҷом, метавон гуфт, ки мубориза бо коррупсия вазифаи ҳамагон аст ва ҳар шахс бояд саҳми худро дар ин роҳ гузорад. Ҳамчунин, мубориза бо фасод дар рушду пешрафти кишвар ва таъмин намудани ҳаёти арзандаи мардум нақши ҳалкунанда дорад.