Пирях – тӯдаи яхҳои табии рӯи заминӣ, солҳои сол аз бориши барф зам шудаанд, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Пиряхҳо сарвати гаронбаҳои манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ на барои кишварҳои Осиёи Миёна, балки барои аҳолии тамоми сайёра ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи муҳити зист ва муҳофизати пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегарданд, аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ ҳам бо ҷонибдории зиёде қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд.
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди оби тоза чандин сол боз дар кишварҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки дар ҳифзи табиат, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити сайёра саҳми беандоза муҳимро доро мебошад. Ҳар як қатраи обе, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешавад, барои зиндагии миллионҳо инсонҳо, ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ ва устувории экосистемаҳо аҳамияти бузург дорад. Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи тағйирёбии глобалии иқлим, пиряхҳо бо суръати нигаронкунанда об шуда истодаанд, ки ин раванди манфӣ на танҳо ба муҳити зист, балки ба иқтисодиёт, саломатии ҷомеа ва ояндаи башарият таъсир мерасонад.
Ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи экологӣ, балки масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда мебошад. Азбаски пиряхҳо нишонаи возеҳи тағйирёбии иқлим мебошанд, ҳифзи онҳо маънои мубориза бурдан бар зидди ифлосшавии муҳити зист, кам кардани партовҳои карбон ва нигоҳдории мувозинати табиии сайёраро дорад. Бидуни чораҳои фаврӣ, аз даст додани пиряхҳо метавонад ба хушксолӣ, камбудии оби ошомиданӣ ва офатҳои табиии зиён оварда расонад.Мутаассифона, тайи солҳои охир мушкилоти тағйирёбии иқлим ва гармшавии сайёра ба яке аз мушкилиҳои мубрами ҷаҳони муосир табдил ёфта, тамоми давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Гармшавии иқлим ба обшавии пиряхҳо таҳдид намуда, то ин замон ба пурра нест шудани шумораи зиёди онҳо оварда расонидааст. Аз ҷумла, дар тӯли 50 соли охир зиёда аз 1000 пиряхи дар ҳудуди кишвари мо буда, пурра аз байн рафтаанд.