ПАЁМ — ДУРНАМОИ РУШДИ ОЯНДАИ КИШВАР

0 4

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҳамчун барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, тамоми соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти кишвар- сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, тандурустӣ, мактабу маориф, илму фарҳанг, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмин намудани амният ва суботи ҷомеаро таҳлил, арзёбӣ ва дурнамои рушди онҳоро муайян менамояд.

Ба ибораи дигар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, аз тарафи дигар дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлилу баҳогузорӣ инъикос месозад.

Ҳарчанд Паём ҳуҷҷати илмӣ бошад ҳам, аҳамияташ дар он аст, ки ҳамаи масъалаҳои мураккаб бо забони сода ва оммафаҳму бо шарҳи равшан пешниҳод шудаанд.

Маънӣ ва мазмуни ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз пеш аз ҳама боло бурдани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста равона гардидааст.

Паём барои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуҷҷати роҳнамо мебошад, зеро дар он Сарвари давлат ба масъалаҳои афзалиятноки илму маориф, ҳифзи муҳити зист, рушди иҷтимоӣ, омода намудани кадрҳои босавод ва муҳайё намудани шароити мусоид барои насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Роҳбари давлат ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар Паёми хеш Роҳбари давлат иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташон дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамояд. Сарвари давлат дар Паём таъкид намуданд, ки «…рушди ҳалли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».

Аз ин нуқтаи назар, сармоягузорӣ ба илму маориф ҳамчун кафолати бақои давлат ва пешрафти миллат пазируфта шудааст. Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблаѓгузорӣ ба соҳаҳои илму маорифро мунтазам зиёд менамояд. Барои соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2015 панҷу ним баробар зиёд мебошад. Чуноне, ки Сарвари давлат иброз доштанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли се даҳсола ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям, зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешаванд. Ба ибораи дигар ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ва ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».

Ҳамчунин, Пешвои миллат дастур доданд, ки “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030” мавриди таҳлил ва такмил қарор дода шавад.

Аз соли 2014 ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба низоми кредитӣ гузаронида шуд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки: “Вақти он расидааст, ки бурду бохти низоми зикршуда аз ҷониби гурӯҳи коршиносон таҳлилу баррасӣ гардида, зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд”.

Омода намудани насли босавод, соҳибкасбу соҳибҳунар ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ ҳамчун ҳадафи стратегии давлат ва қутбнамои сиёсати устувори давлат арзёбӣ мешавад.

Дар баробари дигар самтҳо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ таваҷчуҳ зоҳир намуда, қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Инчунин, иброз доштанд, ки тайёр намудани мутахассис ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад.

Нуқтаи муҳими дигаре, ки зимни ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт, тарѓибгари сулҳу дӯстии абадӣ будани халқи тоҷик ва давлати тоҷикон мебошад. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистон ва роҳбари онро бо ташаббусҳои беназирашон дар масъалаи сулҳу осоиштагӣ, мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир эътироф менамояд. Маҳз таҷрибаи сулҳофариниши халқи тоҷик ва Пешвои давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар масъалаи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва бародарона бо кишварҳои минтақа, дар соли 2025 натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳро пеш аз ҳама ба ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалнашудаи байни ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирѓизистон ҷалб намуда, қайд карданд, ки дар соли 2025 бо имзои Шартномаи тарафайн хатти сарҳади давлатӣ муайян шуда, ҳар гуна баҳсҳо аз миён рафтанд.

Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирѓизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам меоранд, -ироа намуданд Сарвари давлат дар Паёми хеш.

Сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ масъалаи меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, боиси муаррафии давлати тоҷикон ҳамчун давлати тарѓибгари ҳамзистиву ҳамдигарфаҳмӣ ва суботу оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон гардидааст.

Пешниҳоди ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, аз минбари СММ ифодагари пайгирӣ таъмини суботи сартосарӣ барои ояндаи башарият мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2025, вобаста ба ташаббуси дигари Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Дар ин сол ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳони ЮНЕСКО шомил гардида, 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид. “Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад”- қайд намуданд Сарвари давлат дар Паёми хеш.

Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Маълум аст, ки ояндаи давлат ва миллат ба насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар ва дорои маърифати баланди миллӣ сахт вобаста аст. Бинобар ин, Пешвои миллат масъалаи омӯзиши пиряхҳо ва илмҳои криосфераро ҳамчун самти муҳимми илмӣ ва ҷузъи сиёсати давлат эълон намуд.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва қатъномаи СММ соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва солҳои 2025-2034 “Даҳсолаи илмҳои криосфера эълон гардиданд”.

Дар ин замина бо пешниҳоди Сарвари давлат Муассисаи давлатии илмиву тадқиқотии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба Муассисаи давлатии илмиву тадқиқотии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” табдил дода шуд.

Мо, омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи насли ҷавони худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст, донишманду бофарҳанг саъю талош ба харҷ медиҳем.

Боева Умеда Маҳмадалиевна

декани факултети кори ҳамширагӣ (синфи 9)-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.