ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ОМИЛИ МУҲИМ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

0 3

Истиқлолияти энергетикӣ ин яне таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ

                                             Эмомалӣ Раҳмон

Чуноне ки маълум аст, аз солҳои аввали соҳибистиқлоли яке аз ҳадафҳои муҳим ва ҳалталаб барои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, ин таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад.

Дар ин росто пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд. Мо аз марҳилаҳои гузаштаи таърихӣ медоним, ки Тоҷикистон яке аз он кишварҳое маҳсуб меебад, ки дар он захираҳои бой гидроэнергетикӣ мавҷуданд.

Ҳукумати мамлакат вобаста ба ин масъала ҷиҳати бунёди нерӯгоҳҳои оби-барқӣ дар кишвар чораҳои заруриро меандешад.

Тибқи барномаҳои давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмиру аз навбарқароркунии нерӯгоҳои дар замони пасошуравӣ бунед гардида, инчунин бунёди нерӯгоҳҳои навбатӣ дар кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Тибқи оморҳо солҳои 2024-2025 барои таъмиру азнавбарқароркунӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Қайроқум беш аз 6млд, 900 млн сомонӣ ва сохтмони нерӯгоҳи, Себзор 700 млн сомони равона карда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар тули солҳои соҳибистиқлоли дар кишвар, тибқи барномаҳои давлатӣ бунеди силсила нерзӯгоҳои барқи оби Сангтуда 1 Сангтуда 2,НБО-и Роғун оғоз карда шуд, ки аксари ин корҳо анҷом ефта, имрӯз сохтмони яке аз бузургтарин иншоотҳои аср барои кишвар, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун идома дорад.Чуноне ки пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни ироаи Паём аз 28.12.2024 таъкид намуданд. “Ҳукумати мамлакат барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, дар ду соли охир, дар ин самт 9млд сомонӣ равона карда шудааст. Анҷоми сохтмони ин иншооти стратегӣ барои кишвар муҳим ва вазифаи асосии мову шумост”.

Дар ҳақиқат давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим, барои кишвари азизамон Тоҷикистон таваҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми соли гузашта иброз доштанд “Аз моҳи май соли 2027, аз ҳисоби истеҳсоли нерӯи барқ дар НБО-и “Роғун” ва силсилаи нерӯгоҳои дарёи Вахш норасоии неруӣ барқ дар кишвар пура бартараф шуда, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил мегардад”.

Бояд гуфт, ки дар Паёми навбати ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масъалаи зикршуда, таваҷуҳ намуда ҷиҳати оқилона ва сарфакорона истифода бурдани неруӣ барқ аз тарафи истифодабарандагон таъкид намуданд.

Пешвои миллат аз ҷумла ҷиҳати ворид намудани техналогияҳои муосир дар соҳаи энергетикаи мамлакат дастурҳои мушаххас доданд.

Дар суханронии Пешвои миллат, мисолҳои зиёд оид ба аҳамиятнокӣ ва судманд будани техналогияи муосир дар соҳаи мазкур андешаҳои солим баён шуданд.

Барои мисол; то ҷори шудани техналогияи муосир, ҷиҳати ҳисоббаро- баркуниҳо дар соҳаи барқ (бахусус низоми билингӣ) 30-40% шаҳрвандон маблағи истифодаи барқро пардохт намекарданд, ки ин раванд ба бӯҷаи давлат ва иқтисоди он зарари чиддӣ ворид месохт.

Танҳо дар 11 моҳи соли 2025 дар поитахти кишвар шаҳри Душанбе бо ҷори шудани техналогияи муосир, вобаста ба ҳисоббаробаркуниҳои соҳа, талафоти нерӯи барқ то 500млн КВТ соат, кам шуда дар ин мудат 100 ҳазор муштариони нав ба қайд гирифта шуд, ки ба низоми энергетикӣ 1,5млд сомонӣ ворид шуд.

Яне аз мисолҳо бармеояд, ки вақти он расидааст, ки бо андешидани тадбирҳои судманд; ҷори намудани техналогияи муосир, ҷоннок намудани пардохтҳои ғайри нақди, истифода аз имконотҳои зеҳни сунъи, кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ рушди бемайлони иқтисоди кишваро таъмин намоем.

Воқеан имрузҳо таваҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини садҳи шоистаи зиндаги барои мардуми кишвар болорафта, бо умед барои ояндаи нек тадбирҳои зарури андешида мешавад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукургузори аз фазои соҳибистиқлоли сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ бо ифтихори баланди шаҳрвандӣ аз сиёсати райяатпарваронаи Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгири намуда, дар тадбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи сарвари хеш аҳлона меҳнат мекунанд. Мо ки дар остонаи таҷлили яке аз ҷашнҳои бузургу муқадас барои миллат, 35-солагии соҳибистиқлолии кишвар қарор дорем. Боварӣ дорам, ки мардуми кишвар ба истиқлолу ин ҷашни ифтихорӣ бо дастовардҳои назаррас хоҳанд расид. Дар атрофи Пешвои миллат, сарҷамъона барои шукуфоии Тоҷикистони азиз устуворона қадам мемонем.

Сафарзода Ф.Р.

Сардори шуъбаи таълими МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.