СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ-АФЗАЛИЯТ БЕШТАР МЕГАРДАД

0 3

Омода намудани мутахассисони дорои савияи баланд омили муҳим дар пешрафти соҳаи тандурустӣ мебошад.

                                      Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳар як давру замон барои ҳар як давлат солимии миллат яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати дохилӣ маҳсуб меёбад, зеро солимии миллат солимии ҷомеаро таъмин менамояд.

Бо ин мақсад давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Воқеан, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти рушди соҳаи тандурустӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар тадбирҳои судманд андешида шуда, дар марҳилаи кунунӣ ин раванд боз ҳам тақвият ёфта истодааст.

Бояд қайд кард, ки солимии миллат ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, ҷиҳати пешрафти соҳа пайваста корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд.

Аз ҷумла, чуноне ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 таъкид гардид, барои рушди соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ҳамчунин, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 3080 бинои соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки барои бартараф кардани мушкилоти соҳа бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, тадбирҳои самарабахш андешида шаванд.

Зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар даҳ соли охир давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 бинои соҳаи тандурустиро бунёд намудааст. Маблағгузории соҳа дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонида шуда, ин тадбирҳо боис гардидаанд, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба маротиб беҳтар гардад.

Дар Паёми соли ҷорӣ низ Пешвои миллат таъкид карданд, ки масъулини соҳаи тандурустӣ ҷиҳати татбиқи ислоҳоти навбатӣ ва бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта вазифадор карда мешаванд.

Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ тайёр ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми соли гузашта таъкид карда буданд:

«Яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи нокифояи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ мебошад».

Бо ин мақсад зарур аст, ки дар самти омода намудани мутахассисони дорои савияи баланд ва рушди саноати дорусозии ватанӣ тадбирҳои мушаххасу самарабахш амалӣ карда шаванд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат бори дигар ба масъалаи мазкур ишора намуда, таъкид карданд, ки Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026–2030 таҳия ва ба роҳ монда шавад.

Воқеан, дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат масъулини соҳаро водор месозанд, ки дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, зеро дар шароити имрӯза ин масъала масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад.

Бинобар ин, ҷоннок намудани корҳо аз зинаҳои поёнӣ оғоз гардида, дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар назди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, вазифаҳои нав мегузоранд. Омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ, азхудкунии донишҳои касбӣ ва сафарбар намудани онҳо ба муассисаҳои тиббӣ яке аз вазифаҳои муҳимми марҳилаи имрӯза маҳсуб меёбад.

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимии тиббӣ ва муассисаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ нақша-чорабиниҳои мушаххас таҳия гардида, иҷрои онҳо ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа ба роҳ монда шавад.

Дар натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ беҳтар гардида, сатҳи хизматрасонӣ ба маротиб баланд шудааст.

Дар навбати худ, кормандони соҳаи тандурустӣ бояд ба ин ҳама ғамхорию дастгириҳо ҷавобан бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намуда, барои ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

н.и.т., НАЗАРЗОДА Ҷумахон Шамс

Директори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.