ҲХДТ, ҳамчун нерӯи бузурги сиёсӣ, аз байни халқ баромада, барои манфиатҳои умум фаъолияти хешро амалӣ мегардонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳаёти сиёсии ҳар як давлат мавқеи хоси худро доранд ва метавонанд ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа нақши муҳим гузоранд. Аммо мутаассифона, на ҳама ҳизбҳои сиёсӣ дар ин ҷода муваффақ мешаванд. Зеро аксари ин ҳизбҳо бо нияти қудратхоҳӣ амал намуда, иродаи халқро сарфи назар мекунанд ва аз ҳамин сабаб наметавонанд дастгирии оммаро ба даст оранд.