ҲИЗБЕ, КИ МАРОМАШ, НЕКУАҲВОЛИИ МАРДУМ АСТ

0 2

ҲХДТ мақсадии асосиаш таъмини ваҳдату ягонагӣ ва ояндаи некӣ кишвари азизамон мебошад.

                                            Эмомалӣ Раҳмон

Аз таъсисёбии ҲХДТ, ки мақсаду маром ва ҳадафи асосии он фароҳам овардани фазои орому осоишта дар кишвар, гузоштани заминаи устувор барои рушду тарақиёти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми он мебошад, сиву як сол сипарӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки дар ҳар давру замон, ҷомеа ба нерӯи мутаҳидкунанда ва пешбаранда ниёз дошту дорад, дар акси ҳол ба бӯҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ру ба ру хоҳад гашт.

Таъсиси ҲХДТ ба марҳилаҳое рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳои, бо фитнаю дасисаи душманони миллати тоҷик, рӯи кор омада, қарор дошт. Маҳз дар чунин марҳилае. ки ҷомеа ба бӯҳрони идеалогӣ дучор омада буд, ташкили нерӯи сиёсие барои ислоҳи вазъи пешомада зарур буд. Чунин нерӯи сиёсӣ, ҲХДТ ба майдони сиёсат ворид шуд.Дар ҳақиқат, агар мо таърихи ин давраро саҳифа гардони кунем, масъалаи созмон додани ҲХДТ ҳанӯз моҳои апрел-май соли 1993 оғоз гардида буд.

Мақсади асосии таъсис додани чунин як ташкилоти сиёсӣ дар ин марҳилаи сарнавиштсоз барои миллат, сарҷамъ намудани мардуми парокандашудаи тоҷик, муттаҳид намудани табақаҳои мухталифи ҷомеа дар асоси як ғояи ягонаи миллӣ, таъсир расонидан ба равандҳои сиёсии кишвар ва нақши ҳалкунанда доштан дар тадбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳури буд.

ҲХДТ дар як мудати хеле кутоҳи фаъолият кардан, ба пуррагӣ собит сохт, ки ҳадафи асосии он манфиатҳои миллӣ мебошад. ҲХДТ бо идеологияи пешқадами худ тавонист мардуми кишварро дар атрофи нақша ва барномаҳои ҳизбӣ мутаҳид сохта, ба сӯи ояндаи нек равона созад.

ҲХДТ аз рӯзи аввали фаъолият ба кору пайкорӣ мардумсолорӣ исбот кард, ки фаъолияти он аз ҳама қишрҳои ҷомеа манша гирифта, бо мардум ва барои мардум татбиқ мегардад.

Чуноне, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд “ Мо имрӯз ифтихор дорем, ки маҳз моҳияти мардуми доштан, ғояҳои созандаву бунёдгарона ва талошҳои ватандӯстонаву халқпарварона, ҳизби моро миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа, ба таври шоиста муарифӣ намуда, ба як ҳизби аз лиҳози шумора ва ҷонибдорони худ бузургтарин табдил додааст”.

Дар тули солҳои фаъолияти ҲХДТ аз санҷишу озмоишҳои таърихӣ сарбаландона гузашт.

Маҳз, идеологияи мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, ки онро ҲХДТ баррасӣ гардонид, тавонист мушкилтарин марҳилаҳои таърихии миллатро бартараф карда, давлату миллатро ба шоҳроҳи рушду пешрафт ворид гардонад.

Ҳамин фаъолияти бефосила, талошҳои бунёдкорию созандагии ҲХДТ буд, ки имрӯз ба сафҳои он беш аз 600 ҳазор нафар аъзоёни ҳизб шомил мебошанд.

Дар шароити кунунӣ. ки ҷомеаи ҷаҳониро таҳавулотҳои бефосила фарогиранд, масъулияти мо ҳизбиён торафт бисёртар мегардад.

Аз ҷумла тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагиву ободонӣ ҷалб намуддани сокинони кишвар, яке аз иқдомҳои ҲХДТ ва ҳар як узви он мебошад.

ҲХДТ, ки ҳадафи олиаш такмили заминаҳои ҳуқуқии истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ мебошад, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гашт.

ҲХДТ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон, ба сифати як ташкилоти сиёсӣ, татбиқкунандаи фаъоли нақша ва барномаҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамчун як ҳизби пешоҳанг муарифӣ мешавад.

К. Абдураҳмонов

муовини раиси КИ ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.