ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ 0 3 Мубодила кардан “Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давладории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардумиТоҷикистон мебошад” Эмомалӣ Раҳмон Парчам рамзи истиқлолият ва соҳибдавлатӣ буда, ҳамчун муқаддасоти давлат мебошад. Парчам муаррифгари ҳар давлату миллат башумор рафта , таввасути он ҳар давлат дар муаррифии худ ҳамчун рамзи давлатиаш дар арсаи ҷаҳонӣ худро нишон медиҳад. Парчам ин чунин ифтихормандӣ ва шарафмандист. Дар баъзе муаррифномаҳо давлатҳои гуногунро танҳо тавассути парчамҳояшон мешиносанд ва муаррифӣ менамоянд. Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дорои муқаддасоти худ буда, яке аз онҳо парчам мебошад. Бояд тазакур дод,ки 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимилли сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон –Парчам ва Нишон қабул карда шуданд. Мувофиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат ба шумор мераванд. Онҳо нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд. Парчам дар сохтори давлатдорӣ ва махсусан, дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дар муносибатҳои байналмилалию ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа мавқею нақши худро дорад. Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз намуданд,ки “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Яъне парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як Ватани ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем”. Хулоса маврид ба тазакур аст, ки имрӯзҳо парчами давлатии мо дар маркази пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе парафшон буда, он баландтарин парчами дунё шинохта шудааст. Парчами давлатиямон имрӯзҳо, дар баландии 165 метр парафшон мебошад, ҳар маротибае, ки ба пойтахт ворид шавем ҳатман ба назарамон парчами муқаддасамон намудор мегардад. Бо дидани он бояд ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ дӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватандорӣ ва ҳимояи марзу бум дар ботини ҳар як ҷавон ҷо бигирад. Сайдалиева Умеда муовини декани факултети “Кори момодоягӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” 0 3 Мубодила кардан