Мо миллати тоҷик бояд ин рамзи муқаддасро пос дорем, ба он арҷ гузорем ва ҷавононро дар рӯҳияи ифтихор аз парчам ва муҳаббат ба ватан тарбия намоем. Хулоса, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ме шуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳо миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.