ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИСТИҚЛОЛ

0 3

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, ҳувияти миллӣ истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҷассум мекунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул ва тасдиқ гардидааст. То имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад. Рӯзи Парчами миллӣ-рӯзи баланд бардоштани ѓурури миллӣ ва пос доштани муқадасоти Ватан мебошад. Парчами Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ -сурх, сафед ва сабз иборат аст, ки дар маркази рахи сафед нишони тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир мебошанд. Ҳар як унсури парчам маънои амиқ дошта, таърихи бойи миллатро дар худ таҷассум мекунад.

Маънои рангҳои парчам.

Ранги сурх-рамзи мубориза барои озодӣ, истиқлолият ва қаҳрамонии мардуми тоҷик аст.

Ранги сафед-рамзи сулҳ, покӣ, адолат ва равшанӣ мебошад.

Ранги сабз-рамзи ҳаёт, ва рушду инкишофи кишвар аст.

Тоҷ рамзи соҳибихтиёри, ҳокимият ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Он рамзи худшиносӣ ва мақоми баланди миллати тоҷикро ифода мекунад.

Ҳафт ситора, ки дар болои тоҷ ҷойгир шудаанд, рамзи хушбахтӣ, саодат ва камолоти миллат мебошад.

Ин рӯз на танҳо ҷашни давлатӣ, балки рӯзи бедории ҳисси ватандорӣ ифтихори миллӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳо ва суханрониҳои тарбиявӣ доир мегарданд. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пешбурди ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад» Боиси ифтихор аст, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол байни зиёда аз 220 давлати ҷаҳон ҷилва намуда, аз дигар парчамҳо фарқ мекунад. Парчами миллии Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвар нақши хеле муҳим дорад. Он дар ҳамаи чорабиниҳои расмӣ, давлатӣ ва ҷашнҳо барафрохта мешавад ва ҳамчун рамзи ягонагӣ ва истиқлолияти миллӣ ҳифз мегардад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар маъракаҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои зиёде доир мегарданд, ки бо парчами миллӣ алоқаманданд. Ин ҷашн барои таҳкими худшиносӣ ва ифтихор аз давлатдории мустақил нақши калидӣ мебозад. Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ рамзи шинохти Тоҷикистон мебошад. Он дар намояндагиҳои дипломатӣ,биноҳои давлатӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ барафрохта мешавад. Инчунин, парчам дар мусобиқаҳои варзишӣ,конференсияҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баёнгари ифтихор ва ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як рамзи пурқувват ва ифтихори миллӣ аст, ки таърихи бой ва маънои амиқ дорад. Он рамзи ваҳдат, сулҳ, худшиносӣ ва истиқлолият мебошад ва на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун нишони шинохти Тоҷикистон пазируфта шудааст. Рангҳо ва нишонаҳои парчам тамоми арзишҳои миллатро таҷассум намуда, барои рушди устувор ва шукуфоии давлати мустақилро инъикос менамояд.

Фақеров Бахтиёр

Сармутахассиси шуъбаи тарбия- МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматудло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.