ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ «КОЛОЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А.» ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФАНҲОИ ТАХАССУСИИ ТИББӢ 0 0 Мубодила кардан Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои тиб», санаҳои 28-29 апрели соли 2026 Олимпиадаи ҷумҳуриявии фанҳои тахассусии тиббӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бо иштироки васеи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии кишвар дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд. Олимпиада ҳамчун майдони санҷиши донишу малакаҳои касбӣ, тафаккури таҳлилӣ ва сатҳи омодагии донишҷӯён дар самти тахассусии худ хизмат намуда, саҳми арзанда дар рушди кадрҳои соҳибкасби соҳаи тандурустӣ гузошт. Дар Олимпиада донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ иштироки фаъолона намуданд. Ҳар як иштирокчӣ бо донишу малакаҳои худ кӯшиш ба харҷ дод, то дар байни беҳтаринҳо ҷойгоҳи муносибро соҳиб гардад. Донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» дар Олимпиада иштироки фаъолона ва сазовор намуда, сатҳи баланди омодагии худро нишон доданд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои кори табобатӣ ва кори дандонсозӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Аз ҷумла: Муродова Малоҳат — донишҷӯи соли чоруми ихтисоси кори табобатӣ сазовори ҷойи дуюм, Исуфзода Фотима- донишҷӯи соли чоруми ихтисоси кори табобатӣ сазовори ҷойи сеюм ва Файзов Абубакр — донишҷӯи соли сеюми ихтисоси кори дандонсозӣ сазовори ҷойи ифтихори гардиданд. Омӯзгорони ботаҷриба бо истифода аз усулҳои муосири таълим, таваҷҷуҳи инфиродӣ ба донишҷӯён ва ташкили машғулиятҳои иловагӣ тавонистанд, ки сатҳи омодагии онҳоро ба марҳилаи баланд бардоранд. Маъмурияти коллеҷ ба омӯзгори соҳибтаҷриба Исоева Майрамбӣ барои саҳми арзандаашон дар омода намудани донишҷӯёни фаъол ва боистеъдод изҳори сипос ва миннатдории самимӣ менамояд. Маҳз чунин омӯзгорон бо фаъолияти пурмаҳсул ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тарбияи мутахассисони оянда нақши калидӣ мебозанд. Сарвиноз Нуруллоён Муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 0 Мубодила кардан