ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» 0 0 Мубодила кардан Санаи 28.04.2026 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб даври шаҳрии озмун, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 бо иштироки аъзои ҳакамон ва тамошобинон баргузор гардид. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор гардид. Дар ин озмун дар қатори донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии миёнаи касбӣ, донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» — Ҳафизова Фарзия (факултети кори ҳамширагӣ) аз рӯи жанри анъанавӣ ва Шарипова Замира (факултети кори ҳамширагӣ) аз рӯи жанри эстрадӣ иштирок намуда, фаъолнокӣ нишон доданд. Дар фарҷоми озмун тибқи баҳогузории ҳайъати ҳакамон Ҳафизова Фарзия сазовори ҷойи якум ва Шарипова Замира сазовори ҷойи дуюм гардиданд ва ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ин дастоварди ифтихориро барояшон табрик намуда, дар даврҳои минбаъда ба онҳо муваффақиятҳо таманно намуданд. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 0 Мубодила кардан