Дар оғози дарс омӯзгор Қаландаров А. дар бораи фаъолияти кории Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки маҳз бо ташаббус ва саъю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар сулҳу осоиштагӣ барқарор гардида, истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва таҳким ёфт.
Сипас донишҷӯён шеърҳо ва сурудҳо дар васфи Ватан ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат намуданд. Донишҷӯён якдилона ва мутантан шеърҳоро дар сатҳи баланд бо мазмуну мундариҷаи олӣ иҷро карданд.
Дар идома донишҷӯёни гурӯҳ дар бораи хизматҳои шоёни Президенти мамлакат баромад намуда, қайд карданд, ки дар тӯли 35 сол бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азиз пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Давра ба давра дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, махсусан соҳаҳои маориф ва тандурустии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи талошу заҳмат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошанд.
Дар фарҷом донишҷӯён дарсро бо шеърҳо дар васфи Ватан ва Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба итмом расониданд.