ҶОМИ КУМИТАИ ТАҲСИЛОТ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД: РАҚОБАТИ ШАДИД ВА ҒОЛИБИЯТИ САЗОВОР 0 1 Мубодила кардан Аз 23 то 24-уми апрел дар майдони варзишии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд (футзал) барои дарёфти Ҷоми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мусобиқа ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ба як ҷашни ҳақиқии варзиш ва ҷавонӣ табдил ёфт. Дар он 11 даста аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои гирду атроф иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ ва омодагии ҷиддии худро нишон доданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, рушди тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ мебошад. Бозиҳо дар фазои рақобати шадид, вале одилона баргузор гардида, ҳар як даста барои пирӯзӣ бо иродаи қавӣ ва рӯҳияи баланди ғолибият мубориза бурд. Ин мусобиқа бори дигар собит сохт, ки ҷавонони тоҷик дорои истеъдоди баланд ва неруи бузурги варзишӣ мебошанд. Натиҷаҳои мусобиқа: Ҷойи аввал — МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Ҷойи дуюм — МДТ «Коллеҷи милитсия» бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб Ҷойи сеюм — МҒТ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Фархор» Баргузории чунин мусобиқаҳо барои таҳкими саломатии ҷомеа, рушди варзиш ва тарбияи насли фаъолу солим аҳамияти бузург дорад. Дастаҳои ғолиб ба даври финалӣ роҳхат гирифта, муборизаи худро барои дарёфти Кумитаи таҳсилот идома хоҳанд дод. МАЪМУРИЯТИ МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан