ОБ МУЪҶИЗАИ ҲАЁТ — ЯК НЕЪМАТИ ХУДОДОД

0 2

Дар санаи 23-юми апрели соли 2026 дар толори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» аз ҷониби кафедраи «Биология» конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар дастовардҳои ин даврон, дар мавзӯи «Об — муъҷизаи ҳаёт, як неъмати Худодод» бо иштироки омӯзгорони кафедра баргузор гардид.

Дар конференсия сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов К., сардори шуъбаи таълим Сафарзода Ф., мутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот Асоева Б. ва раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Аламхонова С. иштирок доштанд.

Дар конференсия мудири кафедра Шовализода Қ. баромад намуда, қайд намуд, ки об манбаи ҳастии мавҷудоти олам буда, ба ҷаҳон ва зиндагӣ таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас мо вазифадорем, ки ин маъзани бузургро эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем.

Дар фарҷом, сардори шуъбаи таълим Сафарзода Ф. қайд намуд, ки чунин табиати нотакрор, обҳои софу зулол ва кӯҳҳои сарбаланд дар ягон гӯшаи олам дида намешавад. Бинобар ин, бояд бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар қатра обу ҳар пора заминашро ба ҷо орем.

Қурбонбӣ Шовализода

Мудири кафедраи «Биология»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.