КИТОБХОНӢ – ПОЯИ ФАРҲАНГ ВА МАЪРИФАТ

0 3

Санаи 22 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” мизи мудаввар бахшида ба солҳои 2026–2030 — «Солҳои рушди фарҳанги китобхонӣ» бо иштироки донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини директори китобхона Обидзода Саймуҳаммад Рустам, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мирзоев Ҳофиз, мутахассиси ҳамин шуъба Набиев Шариф, раиси созмони ҷавонони коллеҷ Мирзоева Дилбар ва омӯзгор Баҳорова Шукрона иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар муовини директори китобхона Обидзода Саймуҳаммад баромад намуда, таъкид кард, ки китоб манбаи асосии дониш ва маърифат мебошад. Бо ёрии китоб инсон метавонад ҷаҳонбинӣ ва саводи худро такмил диҳад. Хондани китоб барои ҳар як шахс муҳим аст, зеро он дӯст ва роҳнамои беҳтарини инсон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар бораи осори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд. Аз ҷумла, китоби «Чеҳраҳои мондагор» ҳамчун асари муҳими таърихиву фарҳангӣ муаррифӣ гардид. Дар ин китоб муаллиф дар бораи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик, зиндагӣ ва фаъолияти онҳо, инчунин саҳми арзандаи онҳо дар рушди илм, адабиёт ва фарҳанг маълумоти муфассал пешниҳод намудааст.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мирзоев Ҳофиз баромад намуда, зикр кард, ки дар оилае, ки китобхонӣ қадр мешавад, фарзандон бо маърифати баланд ва ҷаҳонбинии васеъ ба воя мерасанд. Имрӯз, ки ҷомеаи мо ба сӯи рушду ободонӣ қадам мегузорад, зарур аст, ки ҳар як оила ба тарбияи маънавии насли наврасу ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, фарҳанги китобхониро дар миёни онҳо ташаккул диҳад.

Ин раванд ба ҷавонон имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуда, барои таҳкими давлати соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон мебошад.

Мақсади асосии баргузории мизи мудаввар ҷалби таваҷҷуҳи донишҷӯён ба китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва омӯзиши илму маърифат мебошад.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки китоб беҳтарин ёри инсон буда, мутолиаи пайваста ба рушди тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти ҳар як шахс мусоидат мекунад. Ҳамаи иштирокчиён даъват карда шуданд, ки китобро дӯст доранд ва вақти бештарро ба мутолиа бахшанд.

Дилбар Мирзоева

Раиси созмони ҷавонони МДТ “ Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.