ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНИ «ШОҲНОМАХОНӢ»

0 1

Санаи 15 апрели соли 2026 дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, шиносоии амиқ бо осори гаронбаҳои адабиёти миллӣ ва тақвияти маҳорати суханварии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни озмун иштирокчиён малакаи баланди қироат, фаҳмиши мазмуну муҳтавои порчаҳои «Шоҳнома», инчунин қобилияти баён ва таъсиргузории нутқи худро ба таври шоиста намоиш доданд.

Ҳайати ҳакамон баромади иштирокчиёнро аз рӯи меъёрҳои муайяншуда — сатҳи китобхонӣ, маҳорати суханварӣ ва дониши назариявӣ — баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа, ғолибон муайян гардида, ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд.

Дар ин озмун донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» фаъолона иштирок намуданд:

Сафарова Мадина (гурӯҳи 103, кори табобатӣ)

Қурбонова Бибиоиша (гурӯҳи 211, кори табобатӣ)

Муродализода Бибисоро (гурӯҳи 202, кори ҳамширагӣ)

Онҳо маҳорати худро дар қироат ва таҳлили осори безаволи «Шоҳнома» бо сатҳи баланд нишон доданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯйи гурӯҳи 103, Сафарова Мадина, сазовори ҷойи сеюм гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба рушди маърифати фарҳангӣ, бедории ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси адабӣ мусоидат намуд.

МАЪМУРИЯТИ МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.