ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗӮИ «ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ СОТИМ УЛУҒЗОДА»

0 2

Санаи 18-уми апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» аз ҷониби омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Гулбарги Амриддин дар гурӯҳи 204, ихтисоси кори ҳамширагӣ, дарси кушоди таълимӣ баргузор гардид.

Дарси мазкур ба мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Сотим Улуғзода» бахшида шуда, бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати адабӣ, тақвияти эҳсоси ватандӯстӣ ва шиносоии амиқи донишҷӯён бо осори гаронбаҳои ин адиби барҷаста роҳандозӣ гардид.

Зимни дарс донишҷӯён оид ба фаъолияти эҷодӣ, нақши арзандаи адиб дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва романи машҳури ӯ «Восеъ» маълумоти муфассал гирифтанд. Омӯзгор бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва роҳҳои фаъоли дарсгузаронӣ тавонист фазои ҷолибу омӯзиширо фароҳам оварад.

Дар ҷараёни дарс иштироки роҳбарият ва омӯзгорони кафедра ба он ҳусни тоза бахшида, сатҳи баланди ташкил ва баргузории онро боз ҳам боло бурд.

Дарс пурмуҳтаво, ҷолиб ва хотирмон баргузор гардида, донишҷӯён тавонистанд андешаҳои худро озодона баён намоянд.

Ин дарси кушод бори дигар нишон дод, ки тавассути омӯзиши осори гаронбаҳои адибони миллӣ метавон дар қалби ҷавонон ҳисси ифтихор, худшиносӣ ва муҳаббат ба Ватанро тақвият бахшид.

Дилафруз Саидова

Омузгори кафедраи «Забони тоҷикӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.