ОИЛАИ СОЛИМ — ҶОМЕАИ СОЛИМ

0 2

Санаи 14.05.2026 дар доираи таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Оила бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб миёни донишҷӯёни МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» аксияи иттилоотӣ таҳти унвони «Оилаи солим — асоси ҷомеаи солим» бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мирзоев Ҳофиз, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Қосимзода Гулҷаҳон, директори Маркази фарҳанги ҷавонони шаҳри Кӯлоб Балучева Қурбонбӣ, корманди бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб Ғаниева Ҳадиса, раиси кор бо занон ва оилаи муассиса Салимова Замира ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мирзоев Ҳофиз баромад намуда, чунин қайд доштанд, ки оила ин иттифоқи озодонаи байни зану шавҳар мебошад, ки оид ба таваллуд ва тарбияи фарзанд ва муносибатҳои хешутабории байни онҳо асос меёбад. Бо зарурияти таҳкими оила ва бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Қосимзода Гулҷаҳон чунин иброз доштанд, ки оила ҳамчун ниҳоди муқаддаси ҷомеа дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст нақши калидӣ дошта, маҳз муҳити солими оилавӣ метавонад барои ба камол расидани насли созанда ва масъулиятшинос заминаи мусоид фароҳам оварад.

Бояд қайд намуд, ки таҳкими оилаи солим ва намунавӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳар як инсоне, ки оила барпо менамояд, бояд ҳамаи зинаҳои оиладориро гузарад, чунки аз ҳама нозуктарин чиз дар дунё ин барпо намудани оилаи солим ва тарбияи насли солиму ояндасоз мебошад.

Шуъбаи тарбияи МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.