БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ: ДОНИШҶӮЁНИ БОЛАЁҚАТ БА ДАВРИ НАВБАТИИ ОЗМУН РОҲ ЁФТАНД 0 0 Мубодила кардан Тайи чанд соли охир таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва рушди ҷаҳони маънавии ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор мегардад. Ин озмуни бонуфуз имрӯз ба яке аз муҳимтарин василаҳои рушди маънавии ҷомеа мубаддал гардида, ҷавонону наврасонро ба мутолиаи китоб, омӯзиши осори гаронбаҳои адабӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ роҳнамоӣ менамояд. Имтиёзҳои пешбинишуда барои ғолибон ва роҳбарони онҳо бошад, барои насли наврас рӯҳу илҳоми тоза бахшида, шавқу рағбатро ба китобхонӣ боз ҳам бештар намудааст. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2026, № АП–951, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои соли 2026 тасдиқ гардида, маблағи умумии мукофотпулӣ барои ғолибон ва роҳбарони онҳо 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ муайян шудааст. Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат ва ҷалби бештари ҷавонон ба китобу китобхонӣ, санаи 12 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 шаҳри Кӯлоб даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Озмун дар фазои тантанавӣ ва рақобати солим ҷараён гирифта, иштирокчиён дониши баланд, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги мутолиа ва маҳорати хуби суханварии худро нишон доданд. Донишҷӯёни муассиса дар номинатсияҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Ғолибони озмун аз муассисаи мо: Аз номинатсияи «Адабиёти классикӣ»: Ҳайдарзода Шафоат Эмомназар — донишҷӯи гурӯҳи 207, кори ҳамширагӣ (синфи 9), ҷойи дуюм; Ҳамидова Омина Хисравовна — донишҷӯи гурӯҳи 101, кори ҳамширагӣ (синфи 9), ҷойи сеюм. Аз номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон»: Ашурова Сайёра Умедуллоевна — донишҷӯи гурӯҳи 312, кори ҳамширагӣ (синфи 9), ҷойи дуюм. Аз номинатсияи «Адабиёти муосир»: Муҳайёи Ҷумахон — донишҷӯи гурӯҳи 202, кори ҳамширагии шабона, ҷойи сеюм. Достизода Амина Исломуддин — донишҷӯи гурӯҳи 108, кори табобатӣ, ҷойи сеюм; Ҳайати ҳакамон фаъолияти иштирокчиёнро тибқи меъёрҳои муқарраргардида — донишҳои назариявӣ, маҳорати суханварӣ ва ҷаҳонбинӣ — баҳогузорӣ намуда, ғолибонро ба даври навбатии озмун пешниҳод карданд. Маъмурияти муассиса ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни озмунро барои иштироки фаъолона табрику таҳният гуфта, дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун барояшон муваффақиятҳои беназир орзу менамояд. Маҳмудзода Қумринисо Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 0 Мубодила кардан