ДАСТИ ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОН — НАМУНАИ ИНСОНДӮСТӢ ВА ҲАМБАСТАГӢ (02.05.2026)

0 4

Шаби якум ва дуюми моҳи майи соли равон дар шаҳри Кӯлоб бар асари боришоти шадид обхезӣ ба амал омада, ба сокинон хисороти ҷиддӣ расонид.

Бо мақсади дастгирии шаҳрвандони зарардида, дар партави сиёсати хирадмандона, инсондӯстона ва иҷтимоии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва супоришҳои бевоситаи роҳбари муассиса муҳтарам Назарзода Ҷ.Ш., омӯзгорон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ба манзилҳои шахсони аз офати табиӣ зарардида ташриф оварда, аз вазъи онҳо аз наздик шинос шуданд.

Тавре Пешвои миллат дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, дастгирии ниёзмандон ва расонидани ёрӣ ба шаҳрвандон дар ҳолатҳои душвор яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо такя ба ҳамин дастуру ҳидоятҳо, кормандони муассиса дар чунин рӯзҳои ҳассос бетараф набуда, барои сабук намудани вазъи зарардидагон иқдомҳои амалӣ андешиданд.

Дар доираи ин иқдом ба оилаҳои зарардида кӯмаки яквақтаина расонида шуд. Ҳамзамон, кормандон дар корҳои тозакунии ҷойҳои зарардида, бартарафсозии оқибатҳои офат ва ба тартиб даровардани муҳити зист фаъолона иштирок намуданд.

Ин иқдоми нек идомаи амалии сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Пешвои миллат буда, бори дигар нишон медиҳад, ки ҳамбастагӣ ва дасти ёрӣ дар ҷомеаи мо арзиши воло дорад.

Саидҷамол Зайдуллозода

Мутахассиси шуъбаи таълимӣ МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.