ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ 0 8 Мубодила кардан Санаи 29.04.2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, як гурӯҳ донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо мақсади таҳкими эҳсоси миллӣ ва ватандӯстӣ аз Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб» дидан намуданд. Ҳадафи асосии баргузории чунин ташаббусҳо — ошно намудани ҷавонон бо мероси ғании таърихию фарҳангии миллат, эҳёи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ мебошад. Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Кӯлоб яке аз марказҳои муҳими фарҳангии ҷануби Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таърих, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми минтақаро ба таври васеъ муаррифӣ менамояд. Осорхона на танҳо макони нигоҳдории ашёҳои таърихист, балки маркази муҳими маърифатӣ барои донишҷӯён, муҳаққиқон ва сайёҳон низ ба шумор меравад. Дар фонди осорхона ҳазорҳо экспонатҳои нодир нигоҳдорӣ мешаванд, аз ҷумла: тангаҳои қадима ва асъори таърихӣ; зарфҳои сафолии дастисохт; асбобҳои кишоварзӣ ва рӯзгори қадима; ҳуҷҷатҳо ва аксҳои нодир аз давраҳои гуногун. Баъзе аз ин нигораҳо ба ҳазорсолаҳои пеш тааллуқ дошта, аз таърихи бостонии минтақа шаҳодат медиҳанд. Зеро бозёфтҳои таърихие, ки имрӯз дар осорхонаҳо маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд, гувоҳи равшани таърихи пурифтихори халқи тоҷик мебошанд. Қайд гардид, ки дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб» шумораи зиёди ёдгориҳои таърихӣ ва нигораҳои дорои аҳамияти баланди илмӣ ва фарҳангӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҳар яке бозгӯи таърихи пурғановати миллат мебошанд. ШУЪБАИ ТАРБИЯИ МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А» Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 8 Мубодила кардан