ОҚИБАТҲОИ КОРРУПСИЯ БА ИҚТИСОДИЁТ ВА ДАВЛАТ

0 15

Мусаллам аст, ки коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб буда, эътимоди мардумро ба давлат коҳиш медиҳад ва обрӯву нуфузи онро коста мегардонад. Ин падида барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар натиҷа, ҳуқуқи инсон поймол гардида, пояҳои ахлоқии ҷомеа заиф мешаванд.

Коррупсия решаҳои таърихии хеле қадимӣ дорад ва имрӯз, мутаассифона, дар баробари экстремизм ва терроризм ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Ҳанӯз дар аҳди бостон ин мафҳум ҳамчун фасод, вайронкорӣ ва сӯиистифода аз мансаб маънидод мешуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

“Тавассути барномаҳои фарҳангӣ ва нишон додани паҳлуҳои манфии амалҳои коррупсионӣ метавон ба раванди мубориза бо коррупсия таъсири мусбат расонд.”

Дар ин замина, зарур аст, ки ба шаҳрвандон моҳияти ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва роҳҳои муқовимат ба он фаҳмонида шаванд.

Таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар ин самт ба ҳисоб меравад. Ин ниҳод масъули назорати истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, заминаҳои ҳуқуқиву сохтории онро тадриҷан таҳким бахшид. Бо вуҷуди ин, паҳншавии коррупсия дар солҳои аввали истиқлолият яке аз мушкилоти ҷиддӣ буд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсири манфӣ мерасонд.

Бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ ва сохторӣ роҳандозӣ гардиданд. Инчунин, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани шаффофият дар идоракунии давлатӣ ба беҳтар шудани вазъ мусоидат намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 таъкид намуда буданд, ки мубориза бо порахӯрӣ ва фасод вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.

Имрӯз зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ин раванд фаъол бошад ва бо мақомоти давлатӣ ҳамкории зич дошта бошад. Зеро коррупсия на танҳо ба иқтисодиёт, балки ба адолати иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад.

Оқибатҳои коррупсия хеле вазнинанд: афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, суст шудани рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои муҳими давлатдорӣ.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус кормандони соҳаи маориф ва дигар сохторҳо, бояд мубориза бо коррупсияро вазифаи шаҳрвандии худ донанд. Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат бояд аз оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб огоҳ бошанд, манфиатҳои давлат ва миллатро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоранд ва дар рушди Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Каримова Шабнам

Омӯзгори кафедраи «Асосҳои информатика ва фанҳои табии»- МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.