МОДАР САРЧАШМАИ НУРУ ЗИЁ

0 7

Гар зан набошад олам набошад,Ному нишони одам набошад,Зан зиндагиро зуру тавоно,Ба чашм нуру бар дида ҷон аст.

Зан рамзи оташ зан модарӣ мо

Зеро, ки модар тоҷи саримост.

Модар азизтарин шахсест дар олами ҳастӣ. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Такя бар вуҷуди инсонофарини модар, такя бар Яздони пок аст. Модар – ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Модар ба қавли бузургон бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад.

Модар – чи мафҳуми волост. Ҳар вақте ин мафҳумро ба забон меорем, як шахси азизу меҳрубон, қадрдону некусиришт, дилсӯзу муътабар ва раҳнамои ҳаёт ба назар мерасад.

Модар – фариштаест рӯи замин, ки бо чеҳраи нурониаш ба хонадон нурпошӣ карда, ба дилҳо фараҳу шодӣ мебахшад.

Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

Бо ифтихор ва такрор ба такрор гуфтан мумкин аст, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.

Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Дар мавриди шинохтани ҳаққи падару модар ва ба ҷо овардани иззату икроми онҳо Унсуралмаолии Кайковус ба фарзанди худ чунин насиҳат мекунад: «Бидон, эй писар! Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, падару модарро сабаби ҳастии фарзанд кард.

Бинобар ин, ба фарзанди хирадманд воҷиб аст, ки хизматгузорӣ ва нигоҳ доштани ҳурмати падару модарро ба зимма гирад. Ва дар як ривоят хондаам, ки «аввали амр модару падаранд». Пас мо фарзандон ин рисолатро танҳо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поку сафед, меҳрубониву навозиш, ғамхориву парастории самимии модарону занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем.

Чунки зан ва модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқамон барои ҳастии забон, пойдории миллат ва рушди фарҳанги миллӣ ғамхорона ва содиқона хизмат кардааст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон ва вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз хеле санадҳоро қабул ва татбиқ кардааст.

Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо — фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем.

Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки бояд модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем.

Чунки зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.

Вале барои ҳар инсон зан, пеш аз ҳама, модар аст ва бузургии ӯ бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст.

Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад.

Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад.

Яъне ҳама эъҷозу парвозҳо, эҷоду бунёдҳо ва мардонагиву қаҳрамониҳо самараи заҳмати шабонарӯзии модарон аст.

Бесабаб нест, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Дар осори бузургони ҷаҳон нақши зан — модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад.

Зеро модар натанҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накӯтарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад.

Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар, Зан – Модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.

Яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти кӯдак мавқеи тарбиявии падару модар мебошад, ки тарзи умумии тарбияро муайян менамояд. Роҳи асосии таъсиррасонии калонсолон ба ташаккули шахсияти кӯдак ба онҳо омӯзондани меъёрҳои ахлоқист. Рафтору муносибатҳои калонсолон метавонанд барои кӯдак чун намуна хизмат кунанд.

Дар ситоиши Зан – Модар волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бо нангу бономус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.

Бузургии Зан – Модар дар хислати ӯ таҷассум меёбад. Агар чунин намебуд, дар китоби муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯ оят омадааст, нозил намешуд.

Мо ҳама бояд хуб эҳсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадону ҳар як оила ва ҳар як манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии ҷисму рӯҳ, дунёи маънавӣ, маърифат, ҳунари кадбонугӣ, ҳавсала ва завқи бадеии Зан – Модар вобаста аст.

Дар дини мубини ислом Зан – Модар дар пояи баланд қарор дорад. Китоби осмонии мусулмонони олам – «Қуръон»-и маҷид ба мақоми зан, ҳимояи ҳуқуқ ва қадри иҷтимоии ӯ баробар бо мардон арҷ мегузорад.

Нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар, Зан – Модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо, пеш аз ҳама, худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд.

Дар ҳар оила, дар тамоми ҷомеа бояд рӯҳияи эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ба вуҷуд оварда шавад, мақоми ӯ ҳамеша баланд бошад, ҳуқуқҳояш ҳаргиз поймол нагарданд. Ин суннати муҳимтарини ҷомеаи мутамаддин аст ва мо бояд ҳатман онро ба ҷо оварем.

Занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд.

Ҳадиси ҷовидонаи Пайғамбари ислом «Биҳишт зери қудуми модарон аст» тамоми мусулмононро даъват мекунад, ки дар ҳама ҳолат Зан – Модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд.

Ҷомеае, ки ба Зан – Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан – Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.

Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан – Модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст.

Занони муҳтарам фариштагони табиати зинда гулҳои настарину ёсумани баҳорӣ Шуморо ба рӯзи 8 март рузи занон ва духтарон табрик намуда ба Шумо сиҳатию саломатӣ ва умри бардавом хоҳонам. Симои нуронии Шуморо ҳаргиз қабоҳати беасрори зиндагӣ пахш насозад ҳамеша шоду масрур бошед.

Ҳамду сано ба зан модар, ба чашмаи хушкнашавандаи “Ҳайёти музаффар”

Абдураҳмонова Г.Н.Раиси шурои занон ва духтарони “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.