ВОХУРӢ БА ҶАВОНОНИ ФАЪОЛИ “АВАНГАРД”- И ШАҲРИ КӮЛОБ

0 4

      Санаи 28 уми январи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” вохӯрии роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”- и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ ба ҷавонони фаъоли “Авангард”- и шаҳри Кӯлоб доир гардид.

        Дар вохӯрӣ нозири калони ГОПҲНҶ  Ҷамазода Фируз, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”- и ҚМРВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб Ятимов А., сардори шӯъбаи кор бо ҷавонони муассиса Каримова М., ва намояндагони  ШОПҲНҶ ШВКД дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронї намуданд.

        Ҳадаф аз ҳамоиш сӯҳбат бо ҷавонон атрофи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва даъват намудани онҳо ба таълими фаъолона, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва машғул гаштан ба корҳои ободонию созандагии ватан мебошад.

Сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон                 Каримова М.С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.