НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА 0 16 Мубодила кардан Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ Санаи 5 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъи Шӯрои олимон ва омӯзгорони коллеҷ натиҷаи фаъолияти ҳайати роҳбарият ва омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар соли 2023 мавриди омӯзиш, баррасӣ ва муҳокимаю музокира қарор гирифт. Ҷаласаро директори коллеҷ доктори илмҳои тиб, муҳтарам Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз намуда, аз натиҷаи фаъолияти муассиса дар соли 2023 ҳисобот дод. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки дар соли гузашта фаъолияти ҳайати роҳбарӣ ва омӯзгорони коллеҷ ба беҳтару пурзӯр намудани пояи моддию техникӣ, беҳтар намудани сифати машғулиятгузорӣ, пурзӯр намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон равона шуда буд. Ҳоло коллеҷ дорои 5-бинои таълимӣ, хобгоҳ барои донишҷӯён, 3-ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ, маркази таълимии фарматсевтӣ, маркази таълимӣ — табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 141-кабинетҳои таълимӣ, 3-синфхонаи компютерӣ, майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ, толори маҷлисӣ ва китобхона мебошад. Барои беҳтар намудани шароити таълим дар аввали соли 2023, як ташхисгоҳи лабораторӣ-бактериологӣ, дар заминаи кафедраи “Химия ва биология”, ташкил карда шуда, аз таъмир бароварда шудааст. Ташхисгоҳи мазкур бо таҷҳизоти лабораторӣ таъмин карда шудааст. Барои нигоҳдории китобҳои дарсӣ дар таҳхонаи бинои асосии муассиса хазинаи китобхона аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Айни замон дар он 10 776 адад китобҳо нигоҳ дошта мешаванд. Дар соли 2023 таъмири пурраи капиталии бинои асосии коллеҷ ба анҷом расонида шуд. Таъмири капиталии бинои таълимии №2 низ оғоз гардида, ҳоло якчанд кабинетҳо ва синфхонаҳои таълимии он аз таъмир бароварда шудаанд. Сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад. Буҷаи сохтмон 33 млн 595 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз ба маблағи 19 млн 810 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳ ба анҷом расонида шудаанд. Дар соли 2023 барои идомаи сохтмони хобгоҳ ҷудо намудани 1 млн сомонӣ аз суратҳисоби махсуси коллеҷ ва 1 млн сомонӣ аз суратҳисоби раёсати сохтмони ВТ ва ҲИА ҲТ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аз ин шумора миқдори 1 млн сомонӣ аз суратҳисоби махсуси коллеҷ ва 900 ҳазор сомонӣ аз суратҳисоби раёсати сохтмони ВТ ва ҲИА ҶТ гузаронида шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Барои беҳтар намудани шароити муосири таълим дар Коллеҷ, соли ҷорӣ 9-адад компютер, 7-адад проектори мултимедӣ ва 10-адад принтер харидорӣ карда шудааст. Ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар шудани ҷараёни таълиму тарбия дар давоми соли 2023, 89-адад миз ва 238-адад курсӣ харидорӣ карда шудааст. Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 187-адад, принтерҳо 59-адад, тахтаҳои электронӣ 12-адад, проектори мултимедӣ 22-ададро ташкил медиҳад. Айни замон дар коллеҷ аз руи 8 ихтисос мутахассион омода карда мешаванд. Давоми соли 2023 дар назди “Шуъбаи такмили ихтисос барои кормандони миёнаи тиббӣ” 128 нафар ҳамшираҳои тиббии муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб аз такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатнома гаштаанд. Дар коллеҷ 16 кафедра фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ дарс мегуянд. Дар соли 2023 аз тарафи омӯзгорони кафедраҳо 32-дарси кушоду намунавӣ, 17-конференсияи назариявӣ — сиёсӣ, 2-викторинаи фаннӣ, 2-мизи мудаввар ва 15-озмунҳои дохилимуассисавӣ ташкилу баргузор карда шудаанд. Нишондоди сифати таҳсил мутобиқи натиҷаи имтиҳонҳои сессияи тобистона 59,9% — ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли пешин 0,2% зиёд мебошад. Дар соли 2023, дар коллеҷ 5 нафар донишҷӯёни аълохон гирандагони стипендияи номӣ буданд, аз ҷумла 1 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ва чаҳор нафар гирандагони ситпендияи раиси вилояти Хатлон мебошанд. Инчунин мутобиқи Низомномаи таъйин ва пардохти стипендияи донишҷӯён дар коллеҷ нимсоли якуми соли таҳсили 2023-2024, ба 547 нафар донишҷӯён стипендия дода шуд. Дар коллеҷ стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз таъсис дода шудааст, ки ҳамасола бо он донишҷӯёни фаъолу аълохон сарфароз гардонида мешаванд. Дар соли 2023, 20 нафар донишҷӯёни фаъоли муассиса бо стипендияи мазкур сарфароз гардонида шуданд. Санаи 10 майи соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” олимпиадаи байни донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ аз фанҳои тахассусӣ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур як нафар донишҷӯи ихтисоси кори табобатӣ ва як нафар аз ихтисоси кори дандонсозӣ сазоворӣ ҷойи сеюм гардида, ду нафар донишҷӯёни ихтисоси кори ҳамширагӣ бо ифтихорнома сарфароз гардиданд. Дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Гулизори Абдуқодир, донишҷўи бахши 3-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” аз руи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик дар даври вилоятии озмун соҳиби ифтихорнома гаштанд. Инчунин дар даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Мошарифи Ашурмад, донишҷўи бахши 1-уми факултети “Кори фарматсевтӣ” аз рўи наминатсияи сарояндагӣ иштирок намуда, бо ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд. Ду нафар донишҷӯён Шарифова Мутриба Муҳамадовна, донишҷӯи курси 1-уми факултети “Кори ҳамширагӣ” (синфи 9) ва Раҷабзода Гулбарг Иброҳим, донишҷӯи курси 1-уми факултети “Кори табобатӣ”дар даври шаҳрии озмуни «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» иштирок намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Соли 2023 коллеҷро 1008 нафар хатм намуда, ба он 1018 нафар донишҷӯён қабул карда шуданд. Иҷроиши нақшаи қабул 100% — ро ташкил дод. Дар қиёс нисбат ба соли гузашта дар соли 2023 шумораи дипломҳои аъло 17 адад зиёд шудаанд. Корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди тероризм” ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки вобаста ба тарбияи ҷавонон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд ба роҳ гузошта шудааст. Давоми соли 2023 чорабиниҳои зиёди тарбиявӣ, аз ҷумла бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ, иҷлосияи 16 Шӯрои олӣ, Рӯзи модар, ҷавонон, Рӯзи ғалаба дар ҶБВ, Наврӯзи оламафрӯз, Ваҳдати миллӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгорон, вохӯриҳо бо шоирону нависандагон, собиқадорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкилу баргузор карда шуданд. Дастаҳои варзишии коллеҷ дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби медалу ифтихорномаҳо гаштаанд. Санаи 1-уми феврали соли 2023 мусобиқа оид ба намуди Волейбол байни муассисаҳои давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа волейболбозони коллеҷ созовори ҷойи якум гаштанд. Санаи 16 марти соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар ш.Кӯлоб” мусобиқаи «Гуштини миллӣ» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Сайдалии Холназар — донишҷӯи бахши 2-юми факултети “Кори табобатӣ” дар вазни 86кг., ҷойи якум, Раҳимзода Алишер дар вазни 71кг. донишҷӯи бахши 3-юми факултети “Кори фарматсевтӣ”, ҷои якум, Эмомзода Исмоил донишҷӯи бахши 3-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” дар вазни 60 кг., ҷои 2-юм ва Довуди Ҳамид донишҷӯи бахши 3-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” дар вазни 71 кг. ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Санаҳои 12-13 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо байни ҷавонони соли таваллуди 2003-2004 дар вазни 71 кг. баргузор гардид, ки дар он Раҳимзода Алишер донишҷӯи курси 1-уми факултети “Кори фарматсевтӣ” соҳиби ҷойи якум гардид. Саннаи 23-24 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши вазнин байни ҷавонони то 20-сола дар вазни то 55 кг баргузор гардид. Дар ин мусобиқа донишҷӯи бахши сеюми факултети кори ҳамширагӣ Раҳимова Гулҷаҳон иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гашт. Аз саннаи 14 то 19 ноябри соли 2023 дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дастаи волейболбоздухтарони коллеҷ дар он фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Коллеҷ бо 35 муасиссаҳои тандурустии шаҳрӣ ва вилоятии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб оиди ба роҳ мондани таҷрибаомӯзиҳо шартномаи дуҷониба бастааст. Ҳоло дар муассисаҳои тандурустии ш.Кӯлоб 46 адад кабинетҳои таълимӣ барои дарсомӯзии донишҷӯён ҷудо карда шудаанд. Дар соли 2023 1847 адад китоб харидорӣ карда шудааст, аз ҷумла 997 адад китобҳои тахассусӣ, 170 адад китобҳои умумитаълимӣ ва 680 адад адабиёти бадеӣ. Айни замон хазинаи китобхона 23 039 адад адабиёти таълимиро ташкил медиҳад, ки аз шумораи онҳо адабиёти тахассусӣ — 19 226 адад, адабиёти умумитаълимӣ 2 449 адад, бадеӣ 1 162 адад ва сиёсӣ 202 ададро ташкил медиҳад. Дар Коллеҷ айни замон 251 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Омӯзгорони соатбай дар муассиса 277 нафарро ташкил медиҳанд. 18 нафар омӯзгорони коллеҷ бо мукофотҳои соҳавии “Аълочиии тандурустии Тоҷикистон”, 12 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 48 нафар бо нишони сарисингагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 14 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷамъи умумии омӯзгорон 139 (55,3 %) -нафарашонро мутахассисони ҷавони то 35 сола ташкил медиҳанд. Дар коллеҷ 7 нафар унвони илмӣ доранд, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои тиб, 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ ва 1 нафар номзади илмҳои таърих мебошанд. Дар соли 2023, 46 (18,3%) нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Мазмуни асосии фаъолияти кори шуъбаи илмӣ-методиро коркарди роҳу усулҳои навини таълим, дар амал ҷорӣ намудани нишондодҳои ислоҳоти раванди таълим, омӯзиш ва таҷрибаи пешқадами устодони соҳибтаҷриба, ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методӣ, дар якҷоягӣ бо кафедраҳои таълимгоҳ мураттабсозӣ намудани адабиёту дастурҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, ташкил ва гузаронидани семинару конференсияҳои гуногуни илмӣ-амалӣ ташкили маҳфилҳои фаннӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Дар коллеҷ аз 11.01 то 18.01 соли 2023, дар давоми таътили зимистона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон оиди раванди низоми кредитӣ семинари омӯзишӣ доир ба мавзӯи «Истифодабарии услубҳои муосири таълим дар низоми кредитӣ» ташкилу баргузор карда шуд. Санаи 10 июни соли 2023, дар асоси фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (IV солона) доир ба мавзӯи “Масъалаҳои мубрами таҳсилот ва тибби муосир”, бахшида ба солҳои 2020-2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф», 70 солагии муассиса ва 26 солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Раёсати тандурустии минтақа ва шаҳри Кӯлоб, роҳбарони муассисаҳои тандурустии хадамоти КАТС ва госпиталии минтақа ва шаҳри Кӯлоб, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ва дигар меҳмонон иштирок доштанд. Айни замон дар коллеҷ 13 нафар омӯзгорон дар заминаҳои муассисаҳои олии илмии кишвар ба ҳайси унвонҷӯ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Омӯзгорони коллеҷ пайваста дар конфронсҳои илмию амалии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Солҳои охир шумораи чопи мақолаҳо дар конфронсҳои илмӣ аз тарафи омӯзгорон зиёд гардидааст. Аз тарафи омӯзгорон дар соли 2023, 141 мақолаҳои илмӣ аз чоп бароварда шудаанд. Айни замон дар хобгоҳ 350 нафар донишҷӯдухтарон истиқомат мекунанд. Пеш аз оғози соли таҳсил хобгоҳ аз таъмир бароварда шуд. Ҳамчунин гирду атрофи он бо дарахтони сояафганд ва гулу гулбуттаҳо оро дода шуданд. Хобгоҳ бо оби ошомиданӣ, ҳаммомҳо ва ошхонаҳо дар ошёнаҳои он таъмин буда, бо обгармкунакҳои барқӣ ва таҷҳизоти хӯрокпазӣ таъмин карда шудааст. Корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳ мувофиқи нақшаи тарбиявӣ ба роҳ монда шудааст ва тибқи нақша дар хобгоҳ моҳе як маротиба суратҷаласа гузаронида мешаванд. Дар хобгоҳ пайваста озмунҳои гуногун, аз ҷумла, ҳуҷраи беҳтарин, ошёнаи беҳтарин ташкил ва баргузор карда мешаванд, ки донишҷӯён дар он фаъолона ширкат меварзанд. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак”, ки бо дастгирии Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) ва Бонки Исломии Рушд амалӣ карда мешавад рӯзҳои 20-23 сентябри соли 2023 ду нафар мутахассисони самти солимии репродуктивӣ, Маргарита Граф ва Гребникова Галина дар коллеҷ қарор доштанд. Мутахассисон дар машғулиятҳои омӯзгорон ширкат намуда, доир ба беҳтар намудани сифати машғулиятгузорӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамчунин барои омӯзгорони коллеҷ аз тарафи меҳмонон семинари омӯзишӣ ва машғулияти амалӣ бо истифода аз маводҳои муосири таълимӣ ташкилу баргузор карда шуд. Барои омӯзгорони коллеҷ аз тарафи меҳмонон як қатор маводи таълимӣ доир ба мавзӯъҳои солимии наслофарӣ дастрас карда шуд. Рӯзномаи коллеҷ таҳти унвони “Дармонбахш” моҳе 1 маротиба бо теъдоди 1 500 нусха нашр карда мешавад. Дар рӯзнома мақолаҳо дар хусуси чорабиниҳои асосии сиёсӣ, тараққиёт ва дастовардҳои соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон, дастовардҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ, мақолаҳои омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ оиди масъалаҳои гуногун, аз ҷумла пешгирӣ ва табобати бемориҳо ба чоп мерасанд. Рӯзномаи мазкур баҳри тавсеаи ҷаҳонбинии донишҷӯён, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони ояндаи тиб, сатҳи корҳои илмиву методии Коллеҷ мусоидат менамояд. Аз тарафи Иттифоқҳои касабаи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён соли 2023 корҳои зиёде дар ҷодаи ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ, фарҳангию варзишӣ ташкилу баргузор карда шудаанд. Ҳамчунин аз тарафи ташкилотҳои мазкур соли гузашта ба омӯзгорону донишҷӯён кӯмакҳои иҷтимоӣ ва тӯҳфаҳо тақдим карда шудааст. Дар соли 2023 ба коллељ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 460 адад мактубу аризаҳо ворид шуда ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонида шудаанд. Дар охир Азиззода З.А. фаъолияти муассисаро дар соли 2023 қаноатбахш шуморида, пешниҳод намуд, ки ҳайати роҳбарияту омӯзгорон дар соли оянда бояд дар самтҳои ғанӣ гардони китобхонаи коллеҷ бо адабиёти таълимӣ, бо компютеру дигар таҷҳизоти эллектронии таълимӣ ва аёниятҳо таъмин намудани синфхонаҳо, вусъат додани корҳои илмии омӯзгорон, беҳтар намудани заминаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани нишондодҳо дар озмунҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимию лабораторияҳо бо аёниятҳову реактивҳо барои корҳои амалии донишҷӯён ва ғ. ҷоннок намоянд. Дар музокира муовинони директор Нуруллоева С.А., Маҳмудзода Қ.С., Ҷафаров Р.Н., Набиев Ш., омӯзгорон Таваккалов Н., Гиёев Т.Р. ва дигарон иштирок намуда, доир ба роҳҳои беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд. 0 16 Мубодила кардан