Санаи 30-юми ноябри соли 2024 дар кафедраи «Кори ҳамширагӣ» ба муносибати 1-декабр — рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО аз тарафи омӯзгори ҳамин кафедра Лутфияи Сарфироз машғулияти кушод ташкилу баргузор гардид. Дар машғулият роҳбарияти коллеҷ ва омӯзгорон аз дигар кафедраҳо ширкат доштанд. Дарси кушод бо истифода аз услубҳои муосир ва фаъоли таълим гузаронида шуда, дар он маълумоти пурра доир ба роҳҳои паҳнёбӣ ва пешгирии ВНМО дар байни аҳолӣ пешкаши донишҷӯён гардонида шуд.
Ҷамъбасти дарс нишон дод, ки донишҷӯён доир ба мавзӯи пешниҳодшуда маълумоти саҳеҳ гирифтанд.