ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОР ВА ТАШАББУСКОРИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

0 8

    Санаи 18 апарели соли ҷорӣ дар МДТ «Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҳамоиши илмӣ аз тарафи кафедраи «Ассосҳои информатика ва фанҳои табиию риёзӣ» доир ба мавзӯи «Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва таъсири оқибатҳои он ба табитат» ташкилу баргузор гардид.

      Дар ҳамоиш омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба мавзӯъҳо атрофи сабабҳои гармшавии иқлим, таъсири он ба табиат, таъсири фаъолияти инсон ба табиат ва роҳҳои пешгирии гармшавии иқлим маърӯзаҳо пешниҳоди иштирокчиён гардониданд.

         Аз ҷумла дар ҳамоиш ёдовар карда шуд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Илова бар ин аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

    Дар конфронси мазкур санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва тасдиқ хоҳанд шуд.

    Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад, ки албатта метавонад барои иқлими ҷаҳонӣ оқибаҳои нохушро ба бор биёрад. Дар ҳалли масъалаи мазкур ва пешгирии ҳолати гармшавии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулиятшинос бошанд. Дар охир фаъолони ҳамоиш бо сипосномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.

Мудири кафедраи

«Ассосҳои информатика

ва фанҳои табиию риёзӣ»                  Миралиева П

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.