ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАБИБИ ОИЛАВӢ

0 5

      Санаи 19 майи соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ва дастгирии Намояндагии Оҷонсии рушди Олмон (GIZ) дар Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ ҷашн гирифта шуд. Дар ҳамоиши барпогардида роҳбарон ва кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру минтақаи Кӯлоб фаъолона ширкат варзиданд.

      Дар ҳамоиш сардори шуъбаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Рустамов Шарофиддин суханронӣ намуда, аз дастовардҳои муассисаҳои КАТС дар шаҳру минтақаи Кӯлоб ёдовар шуд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки кормандони хадамоти КАТС дар шаҳру минтақаи Кӯлоб имрӯзҳо бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи масъулияти худ, ки нигаҳдории солимии аҳолӣ мебошад ба хубӣ баромада истодаанд. Дар ҷамъомад ҳамчунин викторина дар шакли саволу ҷавоб бо табибон ва ҳамшираҳои оилавӣ баргузор гардид, ки фаъолони он бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавии собиқадор ва хизматнишондодаи муассисаҳои КАТС бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Чорабиниро барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид.

Мудири кафедраи Тибби оилавӣ           Бозорова С.С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.