ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ФАНҲОИ ТАХАССУСӢ

0 7

      Санаи 10 майи соли ҷорӣ дар бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии ҷумҳурӣ оид ба фанҳои тахассусӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “Рӯзи ҷавонон”, “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамшираҳои шафқат” ва “Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ” баргузор гардид. Санҷиши сатҳи донишҷӯён тариқи хаттӣ сурат гирифт. Дар озмуни мазкур як нафар донишҷӯи ихтисоси кори табобатӣ ва як нафар аз ихтисоси кори дандонсозӣ сазоворӣ ҷойи сеюм гардида, ду нафар донишҷӯёни ихтисоси кори ҳамширагӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.