Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 дар Шӯрои олимон

0 9

     Санаи 3 январи соли 2023 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” баргузор гардид, ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

     Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми мардум бахусус кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамасола муждаовар аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус тандурустӣ ва маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Ин аст, ки соҳаҳои мазкур ҳамасола ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегарданд, ки паҳлӯҳои он дар Паёми Президенти кишвар қайд карда мешавад.

     Зиёд гардидани маблағгузории соҳаҳои мазкур сабаби асосии рушди онҳо мебошад. Перезиденти кишвар қайд намуданд, ки агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

       Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноати дорусозиро яке аз ҳадафҳои асосии саноатикунонии кишвар арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки гарчанде саноати дорусозӣ солҳои охир тадриҷан рушд ёфта, ҳоло дар кишвар истеҳсоли 540 намуди доруворӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳаҷми маҳсулоти соҳа соли 2022 нисбат ба соли 2021-ум се баробар афзоиш ёфтааст, вале имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд. Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда шуд, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд.

      Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмашон пешниҳод намуданд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ: аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад; аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2023: андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад; нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд. Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои муҳимтарин арзёбӣ менамоянд, аз ин рӯ дар паёмашон таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Таъкид карда шуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат рушди соҳаи тандурустиро яке аз афзалиётноктарин соҳаҳо шуморида дар асоси шиори “Солимии миллат – боигарии давлат” амал менамояд. Аз ҳамин лиҳоз дар Паём дарҷ гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст, яъне ду баробар зиёд гардидааст. Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд. Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, қайд карда шуд, ки ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.

       Аҳли коллективи меҳнатии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сармашқи кори худ намуда, тасмим гирифтанд, ки барои боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият намудан дар ҷодаи омода намудани мутахассисони миёнаи тиб саъю кӯшиш намоянд.

Азиззода З.А., доктори илмҳои тиб – директори МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”   

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.