ВАҲДАТИ МО — ИҚТИДОРИ МО!

0 12

    Рӯзи 24 июн дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҳамоиши тантанавӣ, бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш меҳмонон-мудири бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД шаҳри Кӯлоб Раҷабова Мавзуна, шоираи ваҳдатсаро, Корманди шоистаи  Тоҷикистон Хосият Вализода ва устоди ДДК ба номи Абӯабдалоҳи Рӯдакӣ Шоинов Ҳасан иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсияро директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз намуда, ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ шодбош намуданд. Аз ҷумла қайд доштанд, ки Ваҳдат чароғест, ки бо рӯшноии худ роҳи миллатро равшан сохта, таҷрибаи он тоҷиконро ҳамчун миллати бофарҳанг, ватандӯст дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ намуд. Тамоми дастовардҳои Тоҷикистон ва рушди он аз Ваҳдати миллӣ сарчашма гирифтааст. Ваҳдати Миллӣ бузургтарин дастоварди мардуми шарафманди тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

    Сипас, омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» Салимова Азиза ва Шомадзода Судоба доир ба таърихи сулҳи Тоҷикон бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар ҳамоиш ҳамчунин мудири бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД шаҳри Кӯлоб Раҷабова Мавзуна, шоираи ваҳдатсаро, Корманди шоистаи  Тоҷикистон Хосият Вализода ва устоди ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шоинов Ҳасан суханронӣ намуда, доир ба таърих ва муҳимияти ин Рӯзи бузург сӯҳбати гарму ҷӯшоне бо иштирокчиён анҷом доданд.

    Барномаи фарҳангӣ ҳамоишро ҳусни анҷом бахшид.

           Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии

          МДТ “КТ ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”       Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.