НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ”

0 32

        Санаи 20 – уми июли соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявии давлатӣ ва хусусӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб қарор доранд иштирок намуданд. Дар оғоз директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода З.А. оид ба натиҷаи фаъолияти муассиса тули шаш моҳи сипаригаштаи соли 2022 маълумот дод.

          Дастовардҳои коллеҷ тули 6 моҳи сипаригашта чунинанд:

  1. Ошёнаи якум ва дуюми бинои асосии коллеҷ иборат аз 17 синфхонаи таълимӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, ба ҷиҳози таълимӣ таъмин карда шуданд;

  2. Дар дохили ҳар як ҳуҷра ва роҳравҳои бинои хобгоҳи донишҷуён воситаҳои автоматикии огоҳкунанда аз сӯхтор насб карда шуданд;

  3. Раванди таълим мунтазам бо ҷиҳози электронии таълим таъмин гашта, айни замон шумораи компютерҳо дар коллеҷ 151 адад, принтерҳо 41 адад, тахтаҳои электронӣ 12 адад, проектори мултимедӣ 13-ададро ташкил медињанд;

  4. Дар муассиса шумораи камераҳои мушоҳидавӣ ба 21 адад расонида шудаанд;

  5. Бо мақсади беҳтар намудани раванди таълим сохтмон ва ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ иборта аз ду толори лексиони барои 110 нафар ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳои иҷозатномагирӣ ва лоиҳакашӣ ба анҷом расонида шудаанд;

  6. Коллеҷро соли ҷорӣ 1016 нафар хатм намудаанд, аз ҷумла 41 нафар бо дипломи аъло;

  7. Дар коллеҷ соли ҷорӣ як нафар рисолаи докторӣ ва ду нафар рисолаи номзадиашонро ҳимоя намудаанд. Айни замон дар муассиса 6 нафар омӯзгорони унвони илмӣ дошта фаъолият доранд. 13 нафар омӯзгорон унвонҷӯ мебошанд, ки дар самтҳои гуногун таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд;

  8. Заминаи моддию техникии марказҳои таълимӣ мунтаззам бо ҷиҳози таълимӣ ва аёниятҳо таъмин гашта истодаанд;

  9. Дар коллеҷ шуъбаи такмили ихтисос барои кормандони миёнаи тиббӣ ташкил карда шудааст, ки то имрӯз 46 нафар кормандони миёнаи тиббии муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб дар ан аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд;

  10. Дар қиёс бо сессияи тобистонаи соли таҳсили 2021-2022 ба сессияи тобистонаи соли таҳсили 2020-2021 сифати таҳсилот 2,3% ва азхудкунӣ бошад 3,7% боло рафтааст.

  11. Дар коллеҷ 1 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ ва 4 нафар гирандагони ситпендияи раиси вилояти Хатлон мебошанд;

  12. Дар коллеҷ аз тарафи фарзандони профессор Раҳмонзода Р.А. стипендияи номӣ таъсис дода шудааст. Соли гузашта бо стипендияи ба номи Раҳмонзода Р.А. ба миқдори 1000 сомонӣ 10 нафар донишҷӯёни фаъоли муассиса сарфароз гаштаанд. Дар назар аст, ки ҳаҷми он соли таҳсили 2022-2023 ба 20 000 сомонӣ бароварда шавад ва бо он 20 нафар донишҷӯёни фаъол сарфароз гардонида шаванд;

  13. Донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол доранд, аз ҷумла як нафар донишҷӯ ба даври вилоятии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” аз фанни биология роҳхат гирифтааст, ду нафар донишҷӯён барои иштирок дар даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияҳои адабиёти классики тоҷик ва адабиёти бачагона роҳхат гирифтаанд. Ҳамчунин як нафар донишҷӯ ба даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” роҳхат гирифтааст.

  14. Шумораи кабинетҳои таълими амалӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зиёд шуда, он ба 42 адад расидааст. Кабинетҳои мазкур мунтазам аз таъмир бароварда шуда, бо мизу курсӣ ва аёнияти таълимӣ таъмин карда шуда истодаанд;

  15. Хазинаи китобхона ҳамагӣ 18 817 адад адабиётро ташкил медиҳад. Дар шаш моҳи аввали соли 2022 ба китобхона 1 109 адад китобҳои таълимӣ харидорӣ карда шудаанд.

      Баъд аз пешниҳоди маълумоти мухтасар оиди фаъолияти муассиса намояндагони ВАО ба роҳбарияти муассиса саволҳои худро доир ба масъалаҳои гуногуни раванди таълиму тарбия пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.