ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ, БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

0 28

     Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” мусобиқаҳои варзишӣ байни сохторҳои гуногуни муассиса, бахшида ба Рӯзи ҷавонон идома доранд. Санаи 13 – уми майи соли равон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни 6 дастаҳои аз ҳисоби сохторҳои гуногуни коллеҷ, аз ҷумла раёсати муассиса, факултетҳо, кафедраҳо таъсисдодашуда ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи раёсати муассиса ҷойи аввал, дастаи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ҷойи дуюм ва дастаи кафедраи терапия ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибони чорабинии варзишӣ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

     Қайд намудан зарур аст, ки машғул гаштан ба варзиш боиси беҳтар гаштани сатҳи саломатии инсон мегардад ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳоро кам менамояд.

              Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ            Ҷафаров А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.