ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАМШИРАИ ТИББӢ

0 32

    Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиббӣ (англ. International Nurses Day) ҳамасола санаи 12 – уми май ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиббӣ аз соли 1965 ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 1974 Шӯрои байналмилалии ҳамшираҳо қарор қабул намуд, ки ҳамасола Рӯзи байналмилалии ҳамшираҳо санаи 12 уми май — дар зодрӯзи яке аз асосгузорони хадамоти ҳамшираҳои шафқат Флоренс Найтингейл ҷашн гирифта шавад. Ҳамасола бахшида ба ин рӯз дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳои гуногуни таблиғотӣ: семинарҳо, ҷамъомадҳо, озмунҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар ва ғ. ташкилу баргузор карда мешаванд.

         Қайд намудан зарур аст, ки хадамоти тандурустиро бе иштироки ҳамшираҳои тиббӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ҳамшираҳои тиббӣ дар расонидани кӯмакҳои тиббӣ ёвари асосии табибон ба шумор рафта, барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо масъулияти баланд доранд.

         Дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиббӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи кори ҳамширагӣ доир ба мавзӯъҳои нақши ҳамшираи тиббӣ дар нигаҳдории солимии аҳолӣ маърӯзаҳо намуданд. Ҳамчунин аз тарафи иштирокчиёни маҳфили ҳамшираи тиббӣ малакаҳои амалии ҳамширагӣ иҷро гардида, байни донишҷӯён музокира дар шакли саволу ҷавоб баргузор гардид.

Мудири кафедраи кори ҳамширагии

МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

ба номи Раҳмонзода Р.А.”                                          Раҷабова К.Н.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.