ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ХОТИРИ РУШД

0 9

         Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ ва дастгирии намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид (UNFPA) дар Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд як гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияту омӯзгорони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара бо мақсади шиносоӣ ва омӯзиши фаъолияти коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон аз 6 – ум то 13 – уми ноябри соли ҷорӣ ба он ҷо сафари корӣ анҷом доданд.

       Мутобиқи барнома рӯзи 7 – уми ноябр гурӯҳи корӣ дар конференсияи баналмилалии “Омодасозии мутахассисон аз руи ихтисоси “Кори момодоягӣ” ва нақши момодояҳо дар нигаҳдории солимии модару кӯдак” иштирок намуданд. Худи ҳамон рӯз шартномаҳои ҳамкорӣ байни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла Коллеҷи олии тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи олии тиббии шимоли Қазоқистон, Коллеҷи олии тиббӣ-стоматологии профессор Рузуддинов ба имзо расонида шуданд.

       Рӯзҳои дигар ҳайати гурӯҳи корӣ дар мизи мудаввар иштирок намуда, ҳамчунин бо ҷараёни таълим, машғулиятгузорӣ ва фаъолияти маркази симулятсионии Коллеҷи олии тиббии ҷумҳуриявӣ шинос шуданд.

       Давоми сафари корӣ ҳайати гурӯҳ бо фаъолияти Коллеҷи олии тиббӣ-стоматологии профессор Рузуддинов, Маркази илмии акушерӣ, гинекологӣ ва перинотологӣ ва Дармонгоҳи шаҳрии №29, воқеъ дар шаҳри Алма-Ато ошно гаштанд. Дар муассисаҳои мазкур гурӯҳи корӣ бо тартиби машғулиятҳои қабликлиникию амалӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҳамчунин тартиби фаъолияти муассисаҳои тандурустии номбаршуда ошно гаштанд.

     Зимни сафари корӣ масъалаҳои омода намудани мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ, ихтисосҳо, фарқияти стандартҳои давлатӣ, феҳристи ихтисосҳо ва самтҳои ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, низоми таҳсилот, муҳлати таҳсил, нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.

     Қайд намудан зарур аст, ки сафари кории мазкур хеле муфид буд ва табодули таҷриба ва ҳамкориҳо байни коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон албатта боиси беҳтар гаштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон ва сифати омодасозии мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.