Китобхона дар баробари таъмини донишҷӯён ба китобҳои дарсӣ – соҳавӣ, инчунин бо ташвиқу тарғиби ҳуҷҷату адабиётҳое, ки ба масъалаи қонуни Забони давлатӣ, зерқонунҳои соҳавӣ, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, диққати калон медиҳад.
Дар давоми соли 2022 ба китобхона 4 494 адад адабиёти таълимӣ дастрас карда шудааст, аз ҷумла: 2932 адад китобҳои тахассусӣ, 864 адад адабиёти умумитаълимӣ, 22 адад маљмуи саволу масъалаҳои тестӣ ва роҳнамои довталаб ва 676 адад адабиёти бадеӣ. Қайд намудан зарур аст, ки аз ҳамин ҳисоб 579 адад китобҳо бо дастгирии омӯзгорону донишҷӯён ҷамъоварӣ карда шудаанд.
Айни замон хазинаи китобхона дорои ҳамагӣ 21 505 адад адабиёти таълимӣ буда, аз ҷумла адабиёти тахассусӣ — 18 229 адад, адабиёти умумитаълимӣ 2 592 адад, бадеӣ 482 адад ва сиёсӣ 202 адад. Дар китобхона 27 адад асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳфузанд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон онҳоро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ҳамчунин дар назди китобхона китобхонаи электронӣ ташкил карда шуд, ки он бо 10 адад компютер ва 1 адад принтер таъмин карда шуд. Ба китобхона хати интернет кашида шуд. Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 11 000 нусха адабиёти таълимиро дар шакли электронӣ дар бар мегирад, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз он васеъ истифода мебаранд.